
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
Аз «20» сентябри соли 2021 № 1185 н.Панҷ
Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;
– сармутахаcсис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахасиси (оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимӣ) Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгири ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбари (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасиси (оид ба корҳои дин, танзими анъана, ва ҷашну маросимӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгири ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Панҷ озмун гузаронида шавад.
| 2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад. 3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 5 августи соли 2021, №1005 аз эътибор соқит дониста шавад. | 
Раиси ноҳяи Панҷ: З. Шоҳиён


