Хабарҳо

Баргузории «Рӯзи ваҳдати миллӣ»

 

Имрӯз дар доираи иҷрои нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилоят Азимзода Гуландом ба муносибати 24-умин солгарди таҷлили ҷашни «Рӯзи ваҳдати миллӣ» санаи 26-уми соли равон дар қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З. Ф шунида шуд.

Қайд карда шуд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то кунун, марҳилаи кӯтоҳ, вале пурмасъулияти сарнавиштсозӣ эҳёи суннатҳои давлатдории милливу таърихиро пушти сар намудааст.

Дар ин масири начандон кӯтоҳ ва таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаҳое рух доданд, ки барои таърихи ин давлат сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисод, фарҳангу маънавиёт ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти воқеан таърихӣ доранд.

Яке аз чунин дастовардҳои беназири таърихи замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба амал омадани ҷангҳои хунину даҳшатбори шаҳрвандӣ, ки ҷони садҳо нафар инсонҳоро аз байн бурд рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мебошад.  Яъне санаи 27 июни соли 1997 рӯзи ба имзо расидани ин Созишномаи таърихӣ барои мо мардуми тоҷик воқеан, оғози  ҳамдигарфаҳмиву, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Ҳамзамон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилоят Азимзода Гуландом паёми табрикотии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзодаро ба мардуми шарафманду меҳнатдӯсти ноҳия расонд.

Дар қисмати охири чорабинӣ санъаткорон ва ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо суруду таронаҳои нави худ, ки дар васфи Ватан, ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ омода гардида буданд,  хотири иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *