Хабарҳо

Хизмати Ватан – шараф аст


Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Mусаллаҳи кишвар аз ҳисоби ҷавонони воқеан тануманду далер дар комисcариятҳои ҳарбии мамлакат босурат идома дорад. Аз ин хотир, 53 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳияи мо низ аз ин маърака дур намонда, ихтиёран ва бо хоҳиши худ  ба Комиcсариати ҳарбии ноҳия  ҳозир  шуданд.

Дар маросими тантанавӣ “Рӯзи даъватшаванда” раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ва дигар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони меҳнат, инчунин ҷанговарони башардӯсту волидайни даъватшудагон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳия З. Шоҳиён, роҳбарити Комиссарияти ҳарбӣ ва волидайни даъватшавандагон ба  сухан баромада, ҷавонони ихтиёриро ҷиҳати ба мактаби мардонагию ҷасурӣ ворид шуданашон ва ба ин рўзи барояшон таърихӣ табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми мамлакат таманниёти неки худро иброз доштанд. Таъкид шуд, ки хизмати Ватан-Модар барои ҳар як ҷавон қарзи ҷавонмардӣ ва мактаби бузурги шуҷоату мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони ватандӯст содиқона бояд хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ ба ҷо орад.

Гуфтан ба  маврид аст, ки  аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   дар ин рӯзи гусели навдаъватшудагон ба  чанд нафарашон ҳуҷҷатҳои ронандагӣ тақдим карда шуд.

Боварӣ дорем, ки он ҷавононе, ки имрӯз мо онҳоро барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел менамоем, бо далериву шуҷоат ва донишу малакаи баланди худ, бо мақсади ҳимояи марзу буми кишвар содиқона хизмат намуда, дар таҳкиму  устувории пояҳои сулҳу субот ва оромии кишвар саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Ҷиҳати хушу хотирмон гуселонидани наваскарон дар саҳни Комисcариати ҳарбии ноҳия  барномаи консертӣ аз ҷониби ҳунармандони Қасри фарҳанг баргузор гардид. Волидайн дар  маъракаи даъвати баҳории фарзандони худ  хушнудӣ карда, бо дуои пирони рӯзгордида ба онҳо дар хизмати пуршарафи ҳарбиашон барору  комёбиҳо таманно намуданд.

 

                                                Гулчеҳра, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *