Хабарҳо

Аёдати беморон – кори хайр

Дар арафаи ҷашну маросимҳои суннатӣ аз беморони барҷомондаву бистарӣ  хабар гирифтан ва ба онҳо кумак расонидан амали хайру савобест. Собиқадорони меҳнат Мошариф Муродова ва Зулайхо  Муродова, ки ҳаёти худро ба кори соҳаи чорводорӣ ва говҷӯшӣ масраф намуда, имрӯз дар бистари беморӣ ҳастанд, аз ҷумлаи ҳамин гуна ашхосанд. Ба ҳамин хотир, раиси ноҳия  муҳтарам З. Шоҳиён ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи худ ёрӣ расондан ба беморону маъюбонро қарор додааст. Мавсуф ба наздикӣ ба аёдати беморони зикргардида рафта, ба ҳолу аҳвол ва шароити зиндагии онҳо шинос шуданд. ҳамзамон ба онҳо орду равған ва дигар маводи ғизоӣ ёрӣ расонданд.

Бистариён  аз ин амали неки раиси ноҳия, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, миннатдории самимии худро изҳор намуданд.

Баъдан  раиси ноҳия З. Шоҳиён ва ҳамроҳони ӯ  аз роҳи дар натиҷаи сел вайроншудаи  мавзеи Типповойи ҷамоати деҳоти Озодагон  дидан карданд. Мардуми ин мавзеъро ҷамъ намуда, аз онҳо хоҳиш ба амал оварданд, ки дар кори пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ  ва таъмири роҳ кумак расонанд. Аҳолии ин мавзеъ ин пешниҳоди раиси ноҳияро ба хубӣ пазируфта, ба кор шурӯъ намуданд.

Роҳбарияти ноҳия  ҳамин гуна корҳои хайру савобро дар дигар маҳаллаҳою мавзеъҳои осебпазир роҳандозӣ карда,  аз шароити зиндагию ҳолу аҳволи маъюбону бистариён пайваста хабар гирифта меистанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *