Суханрониҳои раис

Паёми табрикии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифҳӯҷа Фақер ба муносибати 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳозирини гиромӣ,

Барои ҳар як миллату давлат ва шахси озодихоҳ, худшиносу комилҳуқуқ, ки имрӯзу фардои худро дар мизони хирад, дар доираи манфиатҳои давлату миллат дида тавониста, қудрати дарки неку бадро барои худ ва фарзандонаш дорад неъмате бузургтар, арзишмандтар, гиромӣ ва ниҳоят муқаддастар аз Истиқлолияти давлатӣ буда наметавонад.

Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки пас аз садҳо соли бедавлатӣ дигарбора соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ин ҳодиса на як рӯйдоди оддии таърихӣ, балки мояи ифтихор, шукргузории бемисл ва илҳомбахши масъулияти беандоза дар назди гузашта, имрӯза ва ояндаи ин миллат аст.

Додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёриву муайян намудани мазмун ва муҳтавои табиати давлатдориаш бо омилҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ ва моҷароҳои зиддисиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ кашид.

Миллати тоҷик дар заминаи фуруравии як низоми идора аз дороии зиёди маънавӣ, моддӣ ва арзишҳои бунёдии худ то ҷое маҳрум гашта, ба ҷанги шаҳрвандӣ ворид шуд, ки ин ҳолат халқро ба парокандагӣ, миллатро ба ҳолати нестшавӣ ва давлатро ба завол кашида, фаъолияти тамоми мақоми давлатиро ба нестӣ бурд.

Дар чунин шароити ҳассос баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ва ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи навину умедбахшеро дар масири таърихи ин миллати ба ҷангкашидашуда боз намуд.

Ҳанӯз дар яке аз муроҷиатномаҳои нахустини худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи сиёсиву мураккаби онвақтаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар навбати аввал гузошта буд; дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ, таъмини кори пурмасъулияти онҳо, барқарор намудани сохтори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва барои фаъолияти онҳо фароҳам овардани шароит, ҳарчӣ зудтар таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр намудани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Барои пойдории Истиқло-лияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода шуда, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд.

Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар як ҷойгоҳи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани мутахассисони баландихтисоси фармондеҳӣ, гузошта шуд.

Санаи 18 декабри соли 1992 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, 23 феврали соли 1993 бошад нахустин паради ҳарбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Дар заминаи иҷрои қарори мазкур ҳамасола дар кишвар санаи 23 феврал ҳамчун «Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи афсарону сарбозон, ҳомиёни далеру шуҷои ватан ва кормандони тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ноҳияро ба  муносибати ин санаи таърихӣ самимона табрик менамоям.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодӣ масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва лавозимотҳои дигари зарурии ҳарбӣ таъмин намудани Артиши миллӣ дар як муддати кутоҳ ҳалли худро ёфт. Зеро пеш аз ҳама ба масъалаи таъсис ва бо таҷҳизотҳои техникӣ таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ, дар самтҳои муҳимтарини стратегии ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили сохториро паси сар намуда, ба марҳалаи мувофиқ кардани сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расиданд.

Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли 2020 аз тарафи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ашхоси саховатпеши ноҳия ба афсарону сарбозон ва дидбонгоҳҳои сарҳадии қисми ҳарбии 0306 ва 0332-и РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хушбахтона, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ мавқеи хоса дошта, артишҳои аъзои ин созмон дар доираи мубориза бар зидди терроризми байналмилаллӣ, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҳамчунин баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои худ пайваста машқҳои муштарак доир намуда истодаанд.

Итминони комил дорем, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои ватан, ки имрӯз сарҳади давлатиро ҳифзу ҳимоя намуда истодаанд, минбаъд низ дар таҳкими сулҳу суббот ва пойдории якпорчагиву соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаву босазои худро хоҳанд гузошт.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи афсарону сарбозон ва ҳомиёни ватанро ба муносибати «Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик намуда, ба далерони воқеии кишвар саломативу оромии Ватан ва ба Тоҷикистони азиз, сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *