Хабарҳо

Аз хавфу хатарҳо эмин бояд буд

 

Дар доираи Низоми ягонаи давлатии ноҳия  оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда  ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ”   аз 4 то 6-уми феврали соли 2021  дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои  гуногун, аз ҷумла соҳилмустањҳкамкунӣ, тоза кардани каналҳо, селроҳаҳо, селпартовҳо, соҳилҳо ва заҳбуру заҳкашҳо  тариқи ҳашари даста-ҷамъона  гузаронида шуд.

   

Дар чунин чорабинӣ шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия, Хадамоти мудофиаи граждании ноҳия бо техника ва лавозимоти зарурии корӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ  оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувва ва воситаҳои дахлдори Хадамоти дахлдори мудофиаи гражданӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту корхона ва муассисаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Қобили зикр аст, ки  коргоҳу корхонаҳои дар боло номбаршуда  як қатор корҳои  заруриро дастаҷамъона ба анҷом расонданд.  Махсусан  аз рeи таҷриба ва мушоҳидаҳои солҳои пешин  ба деҳаҳои Вахёи ҷамолати деҳоти Нури Ваҳдат, 10-солагии Ваҳдат, Зарбдор, Пешқадам 1-2,  Қумсойи ҷамоати деҳоти Намуна,  Отчапари ҷамоати деҳоти Озодагон  тоза кардани селроҳаҳо, мустаҳкам намудани соҳили дарёи Панҷ, ки аксаран  осебпазиру хавфноканд,  таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд.

        

Дар чорабинӣ 3 адад мехлопата, 4 адад экскаватори тамғаи «Хундай», 1 адад трактори заминкани тамғаи «Белорус», 2 адад мошини тамғаи «Камаз», 1 адад мошини тамғаи «Дулан», 3 адад мошини тамғаи «Зил», 1 адад трактори тамғаи «Т-40» бо ядакаш, ҷамъулҷамъ 15 адад техникаю механизмҳо сафарбар карда шуд.

 Лозим ба ёдоварист, ки  шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ кeшиш ба харҷ медиҳад, ки  дар доираи Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия  аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода барад, то ки  аҳолӣ аз хавфу хатарҳои табиӣ ва техногенӣ  эмин бошад. 

 

    А. Мирзохоҷаев,

   афсари калони шуъба     

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *