Хабарҳо

САДА – ҶАШНИ ИТТИҲОДИ МАРДУМӢ

 

Ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Таҳлилу таҳқиқҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки  мардуми мо Садаро аз қадимулайём бо шукӯҳу шаҳомати махсус ҷашн мегирифтанд.

Дар даврони Истиқлолият, махсусан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мардуми фарҳангии мо ба суннатҳои миллию анъанавии халқамон, аз ҷумла баргузории ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Садаю Тиргон сидқан арҷ гузошта шуда истодааст. ҳадафи Сада ва маросимоти марбути он, ки вобаста ба  шароити зистӣ,фарҳангӣ, фикрӣ ва табиӣ тағйир  ёфтааст,  дар бунёди боғу корезҳо, шинондани дарахтон, ободу зебо кардани маҳаллу кишвар ва билохира, ба ободкорию созандагӣ даъват  намудани мардум  зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, ҳар сол мардуми кишвари мо дар охири моҳи январ ҷашни Садаро бо тантана таҷлил менамоянд.

Дар назди Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни Сада ҷамъомаду тантанаҳои  идона баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки  қабл аз баргузории ҷамъомад  дар саҳнаи наз-и  Кохи фарҳанг  намоиши  маҳсулоти кишоварзӣ,  ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ,  гулхани фурӯзон, ки аз  анъанаҳои  бостонии мардуми ориёитабор буд, чакандӯзиҳои гуногун, қуроқдӯзӣ, сӯзаниҳои рангоранг, анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, тухмиҳо,  нону қаламаю кулчаҳои  хушсифату  дигар нигораҳои тамошобоб  ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.  Иштирокчиён аз намоиши зикргардида  дидан карданд

 

Дар ин ҷамъомад роҳбарони ноҳия, сарварони корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳо шаҳраку деҳот, фаъолон ва мардуми меҳнатӣ  иштирок доштанд. Сараввал раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён аҳли ҳамоишро ба муносибати ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик – Сада  табрику таҳният гуфта,  дар бораи таърихи ин  маросими суннатӣ  суханронӣ намуд ва  баъдан  аз ҷониби ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия  ба хотири болида сохтани аҳли  ҳамоиш  консерти калони идона пешкаш карда шуд, ки он  шукӯҳу шаҳомати ҷашни Садаро  боз ҳам  дилкашу пуртароват сохт.

 

Тантанаҳои ҷашни Сада  чи дар маркази ноҳия ва чи дар маҳаллаҳо бо як навъ фараҳу шодӣ  ва мамнунияти махсус  таҷлил гардида,  хосияти наздик расидани баҳор ва мавсими киштукори баҳориро дар худ таҷассум намуданд.

 

                                                                 П. Нуров, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *