Эълонҳо

Диққат – озмун!

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

– сармутахасиси бахши кор бо  занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

-мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– сармутахассис (муҳандис- заминсоз)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ;

-мутахассиси пешбар (мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати  шаҳраки Панҷ;

– сармутахассис (муҳандис- заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Меҳвар;

-мутахассиси пешбар (мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати   деҳоти Меҳвар;

– сармутахассис (муҳандис- заминсоз)-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфуддинов Кабут;

– сармутахассис(омор)-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфуддинов Кабут;

-мутахассиси пешбар (мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфуддинов Кабут;

– мутахассис (хазинадор)-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфуддинов Кабут;

– сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну муросими ҷамоати деҳоти Озодагон;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Озодагон;

– мутахассис (хазинадор)-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

-сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Намуна.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

Ариза ба унвони роҳбарияти мақомот, варакаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо, шарҳи ҳол, нусхаи диплом, 2 дона расми 3х4, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ,нусхаи шиноснома, маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ, нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), маълумотнома аз  ҷойи истиқомат, маълумотнома оид бо вазъи саломатии шакли 086 УЕ, нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН), нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд), маълумотнома (справка-объективка).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ.

Телефон барои тамос: 8-(3252)

2-31-68, 2-31-06.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *