Кишоварзӣ

Шудгори хушсифат – омили ҳосилнокии баланд

 

Тавре мутахассисон  тавсия медиҳанд,  шудгори хушсифати тирамоҳӣ  барои  ба даст даровардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ  аҳамияти калон дорад.  Хусусан имсол, ки зимистон дар муқоиса ба солҳои пешин  сард омадааст,  боиси  нест шудани  қисме аз ҳашаротҳои зараррасон ва то андозае дам гирифтани замини аз барф ва ях пӯшонидашуда  гардида истодааст.  Ин ҳолат, албатта,  ҷои яхоб мондани қитъаҳои замини кишоварзиро  иваз менамояд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳамин хусусиятҳои  зимистони имсоларо  ба инобат гирифта,  сифатнок гузаронидани шудгори замин-ҳои кишоварзиро  хеле хуб пеша кардаанд.  ҳоло  дар он қитъаҳои замин, ки  барои шудгор омода шудаанд,  техникаҳои шудгоркунанда  сафарбар гардидаанд.  Кишоварзони ноҳия хуб медонанд, ки  шудгори сифатнок  дар мавсими сармо  омили муҳими ҳосилнокии зироатҳо  мебошад.  Аз ин рӯ,  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки  ҳар чӣ зудтар  шудгори барвақтиро дар қитъаҳои замини боқимонда ба анҷом расонанд  ва  барои ҳосили фаровон рӯёндан дар соли ҷорӣ  заминаи мусоид тайёр кунанд. ҳосилнокии  зироатҳои кишоварзӣ бошад,  ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ  ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти дохилӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад

 

                                                        П. Нуров, И. Абдураҳмон

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *