Хабарҳо

Неруи барқро сарфакорона истифода барем!

 

Сарфакоронаю мақсаднок истифода бурдани қувваи барқ вазифаи асосӣ ва бомасъулияти ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, оқилонаю дурандешона истифода бурдани он аз ҳар як фарди ҷумҳурӣ вобастагӣ ва масъулияти баландро талаб менамояд. Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки зимистони имсола нисбат ба дигар солҳо сарду тӯлонӣ меояд ва аз ин хотир кулли мардумро мебояд, ки барои бе мушкилӣ паси сар намудани зимистон чораҷӯӣ карда, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқро ҳамаҷониба ба роҳ монанд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  рӯзи 15 декабри соли ҷорӣ дар Маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, масъалаҳои мубрами рӯз  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Завқизода ба ноҳия ташриф оварда, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолон мулоқот баргузор намуд. Ҷамъомадро раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер  ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ва махсусан оқилонаю сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ  суханронӣ намуд. Баъдан  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам З. Завқизода ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иқдомҳои неку наҷибонааш барои расидан ба истиқлолияти сартосарии энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзӣ заҳмат ва кӯшиш карда истодааст, то  мушкилоти норасоии барқ дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра аз байн равад. Инчунин шаҳрвандонро мебояд, ки бобати сарфаронаю оқилона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ бо эҳсоси баланди ватандӯстона муносибат карда, сари вақт пардохт намудани маблағи неруи барқ, роҳ надодан ба талафот ва зиёдшавии қарзи маблағи неруи барқро бо масъулияти баланд  роҳандозӣ намоянд ва дар таъмини амнияти энергетикии мамлакат саҳмгузор бошанд. ҳамчунин З. Завқизода қайд кард, ки бо мақсади сазовор ва дар   сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии муҳити зист, махсусан ниҳолшинонӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, хоҷагиҳои ёрирасон,  суръати кишти тирамоҳӣ, махсусан ғалладонагиҳо, картошка ва омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, тоза кардани заминҳо аз ғӯзапоя, вусъати корҳои сохтмонии ҷашнӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ барои сохтани иншоотҳои гуногун ва корхонаҳои хурди саноатӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзро, ки  аз ҳадафҳои асосиву муҳими  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, вусъати тоза бахшанд.  Баъдан пешниҳод гардид, ки дар ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вобаста ба масъалаҳои дар боло муҳокимашуда дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тариқи хона ба хона гаштан суҳбату вохӯриҳо гузаронида шавад.

     

Ҷамъомадро раиси ноҳия З. Шоҳиён ҷамъьаст намуда, меҳмонро бовар кунонид, ки мардуми ноҳияи Панҷ ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурӣ ва вилоят дода мешавад, дар меҳвари диққати худ қарор дода, баҳри рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳми арзишманди хуро мегузоранд. 

ҳамин гуна ҷамъомадҳо бо иштироки гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва меҳмонон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ баргузор гардид ва  дар онҳо мақсаду муҳтавои ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурӣ, махсусан истифодаи сарфакоронаю оқилона ва мақсадноки  неруи барқ, ки омили асосии хуб гузаронидани фасли зимистон маҳсуб меёбад,  ба мардум фаҳмонида дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, то муҳимияти ҳамин масъаларо комилан дуруст фаҳманд ва онро иҷро кунанд.

 

                                                      Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *