Шуғл бо варзиш яке аз воситаҳои асосии беҳдошти саломатӣ, таҳкими устуворӣ дар меҳнат буда, обутоби бадан, хушқоматӣ ва зебоӣ аз он аст. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо толору майдончаҳои зиёди варзишӣ сохта, ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва бо ин васила дур намудани онҳо аз оворагардӣ, рафторҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.
Дар ноҳия пайравони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони ватандӯсту хайрхоҳ хеле зиёд мебошанд. Маҳз бо дастгирии онҳо дастаҳои мунтахаби ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона менамоянд
.
Чанде пеш бо дастгирии ҷавонмардони боору номус ва ватандӯсти ноҳия Саидаҳрор ҳакимов ва Нусрат Сафаров ба варзишгарон 5 адад лавозимоти варзишӣ аз намуди бокс, якҳарбаҳои шарқӣ туҳфа карда шуд, ки арзиши он зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, собиқадорони варзиш ва соҳибмулкону тоҷирон иштирок ва суханронӣ намуданд. Туҳфаҳо ба толорҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тақдим гардидаанд. Инчунин дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо дастгирии шуъбаи маориф ва кумитаи падару модарони муассиса толори хурди машқ-варзӣ таъмир гардида, бо лавозимотҳои варзишӣ таъмин карда шуданд.Толорҳои мазкур дар ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба оммавияти варзиш, камолоти баланди ҷисмонӣ ва ба ҳамин васила дур намудани онҳо аз омилҳои номатлуб аз манфиат холӣ нест.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола иштироки фаъолонаи варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маҳз аз дастгириҳои ватандӯстонаи ин мардони асил мебошад. Аҳсан ба ҷавонмардони хайрхоҳи варзиш, дӯстдорони ватандӯсти ноҳия!
Асадулло Мазориев