Санаи 15 декабри соли равон машварати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар ин машварат масъалаҳои ҳарчӣ зудтар дастрас гардидан ва фаҳмонидани муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 ва Ширкати “Барқи тоҷик” аз 9 декабри соли 2020 ба тамоми сокинони ноҳия оид ба истифодаи сарфакоронаву оқилона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ, дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо(сарфи назар аз шакли моликият), сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда ва қарзи солҳои пешин, роҳ надодан ба талафот ва ба зиёдшавии қарзи нерӯи барқ, таъмини муштариён бо ҳисобкунакҳои барқӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон (президентӣ), суръати кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин машварати корӣ ба аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин дода буданд, аъзоён ва дигар роҳбарияти вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳтавои муроҷиатномаҳои мазкурро дар байни мардум баррасӣ намоянд.
Дар доираи амалӣ намудани ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 16 то 19 декабри соли 2020 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бобати вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин дар ноҳия сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни ин сафари корӣ муҳтарам Завқизода З ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар доираи талаботҳои имрӯза муҳтавои муроҷиатномаҳои дар боло зикргардидаро баррасӣ карда, ҳамзамон аз рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан намуданд.
Дар ин сафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З. Ф ҳамроҳӣ намуданд.