Хабарҳо

ПАРРАНДА СУРУДИ ЗИСТАН ХОНД

 

Бармолаи кӯҳи Хонобод, даштҳои Боғи  ширкат, тайёрамайдони вилояти Қундуз, Камии Сахӣ  дар минтақаи  Мазори Шариф ва дигар нуқоти бе обу сояву танӯру бе кашонаи сарпаноҳ муҳоҷирони иҷбории тоҷикро макони зисту рӯзгузаронӣ шуда буданд. Ҳар рӯзи Худо бо ҷанозаи хурду калони паноҳандагон нолаву фиғон мехест. Дар гӯшаҳои чӯлҳо қабристонҳои тоҷикони ғарибмурда аз хоктеппаҳои пур мешуд…

Акбар ин ҳама нолаву ҷафову нокомиву марги ғарибонаро бо оҳҳои сарду ашкҳои ғамсӯз дар китоби дили адофаҳму адолатхоҳаш сабт мекард. Месӯхту хаёлан чену бур мекард фоҷиаи ба сари мардуми кишвари куҳанфарҳанг, адабпарвар, меҳрубону озодатабъаш оташ гирифтаро. Чӣ балое буд,  чӣ сели даҳшатрези ба нақша дароварда шуда, чӣ ғаразу  кинаву адоват, ки мардуми оромтабъу зиндагисозу сулҳдӯсташро беватану дар ба дару парешону маргшапида кард.  Осон нест дидану ба дил гирифтани андӯҳишикасти пуртаҳлукаи миллати аҷдод ба аҷдод тамаддунофар, пандгӯву шеърхону фурӯзандаи меҳри ватанпарвариву ҳаёти хуши иҷтимоӣ ба гӯшу ҳуши мардуми ҷаҳон. Хосатан, ба шахсе, ки аз таъриху маданияту забону нишони тамаддунофари миллате, ки Курӯши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсиву Айниву Турсунзодаву… ҳазорон қаҳрамонони раҳкушову кӯҳшикофу нурёбу шаҳрсоз хуби хуб огоҳӣ дорад, таҳаммулнопазир аст дар хуну оташ тапидани Тоҷикистони азиз-Гаҳвораи муҳаббату алоқаву эҳсони як халқи гиромигуҳари шинос ба мардуми олам.

Воқеан, Акбар Шарифро фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ таҳ ба таҳ  месӯзонд, обу адо мекард. Аз пеши хаймаҳои муҳоҷирон бо андешаҳои ашкомез мегузашту кӯдакони рангпаридаи нимбараҳнаву нимсер аз китобу мактабу муаллими дӯстдори Ватан дур, модарону хоҳарону пирамардону…, ҳама мардуми одии парешонхаёли орзуманди расидан ба марзу буми шарифи бобоиро бо нигоҳу дили пурсаодати  ғамхор меҳрубониву навозиш дилбардорӣ мекард. Акбар Шариф нависандаи дарду доғи ҳамватанони ғарибуфтодааш гашта буд. Дар ин макони ғурбат аз ҳама беш ҳамдиёрону ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳои панҷиашро фирорӣ буданд. Яъне аз нисф зиёди сокинони ноҳия хаймаҳои чӯлиро хона карда буданд. Ва ин доғ ҳам дар ҷигараш сӯзону кушанда хала мезад. Муаллимону шогирдони  мактабҳои ноҳия, ки соле чанд баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ бо онон кор карду таълим доду таълим гирифт, ҳамакнун хайманишинони  қади биёбони  оворагӣ ба ҷону танаш дарди бедаво мерехт. Дар ҳикояту қиссаҳои навиштааш чанде аз ононро ба риштаи тасвир кашидан дошт.

Ду далели сабабгор ба ҷанги шаҳрвандии бародаркуш гардидаро бо фаҳми худ хаёлан таҳлил мекард.

Яке исён бар талоши дурӯғин барои сохтани «Давлати исломӣ» аз ҷониби чанде муллотарошу фанату гумоштаҳои доллару молу пули аҷнабиёни ғаразнок буд. Ҷамъе аз ин тӯда дастафшону пойкубон интизорӣ мекашиданд фурсатеро, ки ба шӯриш бархезанду ҳукумат ба даст биёваранд.

Акбар ва ҳазорон ҳамсолонаш, даҳҳо ҳамтоёнаш ин кинаи нуҳуфтаро дар аввали ошӯб сарфаҳм нарафтанд. Ва ҳазорон мардуми меҳнаткаши саҳрову заводу фабрику олиму духтуру муаллим ҳам ба дарке нарасиданд, ки дар пардаи шиори «Бародарони аҳли ислом»-и наҳзатиёну думравону мухлисонашон нияту нақшаи сиёҳи ватансӯзиву миллатпароканданиву имонфурӯшӣ пинҳон аст.

Мардуми таҳқирдида  ба нисбати дину мазҳабу худошиносиашон дар даврони ҷомеаи сотсиализми Шӯравӣ гумон карданд эътиқоди поку имони ба Аллоҳ Таъоло доштаашонро комил месозанд ба ҷамъияти озодаву зиндагии шоиста мерасанд.

Ҳайҳот, бандаҳои нафс қасди худро аз фитнаангезиву дассисаву ҷигаршикофии баробар бо бародар шурӯъ карданд. Ва муваффақ шуданд: ҷанги дар таърих бе собиқаи бародаркуши тоҷикон аланга зад. Ҳазорҳо хонаву боргоҳу коргоҳ  ба хок яксон шуд.

Наҳзатиёни ба қавли худ мусаллаҳ бо зӯрии ғайби осмонӣ шикаст хӯрданд, аммо ҳиллаи дигарро корӣ карданд. Ин ҷиҳоди навбатӣ «Аз дари куфр ба дари ислом ҳиҷрат!» кардан буд. Он ҷо савоб, он ҷо омӯзиши ислом, он ҷо яроқу қувваи зарбазани нусратовар пайдо кардану бозгаштан барои пирӯзии комил даъват ба амал оварданд.

Ин амалкард ҳам тарҳрезӣ шуда буд ба эътибори ҷаҳони исломро баҳамзании мусулмонони тоҷик хезонданд кӯмаку хайроти ҳангуфт ба даст овардан, худро муҷоҳиди роҳи ҳақ вонамудан, ҷамъияти дар кишвар мондаро аз аҳли куфру ғайридин эълом доштан. Ба ин иқодашон муваффақ шуданд мардуми даҳшатзада аз пушташон ба Афғонистон гуреза шуданд.

Акбари аҳли калому адабу решапайванди мустаҳкам ба хокдони арзишманди  ниёгону навқадам дар арсаи эҷоду ситоиши армону талоши созандаи тобиши маъни медиҳад. Ба ин имрӯзиёни миллаташ ба серӣ дид, ки «пешвоён»-у «пештозон»-и динфиреб аз дасти роҳнамоёни хориҷиашон халта-халта доллар мегиранду ба сандуқҳои «ғарибон»-и худ тал мезананд. Мардуми ба думболашон ғалатзадаро қуттии лоямут мерасаду халос. Ба ибораи тоҷикӣ: «Бузак намур, ки баҳор мерасад».

Далели дуюмро Акбар Шарифӣ, муаллим, рӯзноманигор, нависандае аз аҳли назар чунин таҳлилу тадқиқ дошт: халқи покдилу покбину покдасти тоҷик зод бар зод эътиқодманд ба исломи ноби Худовандӣ ва таълимоти Пайғамбари бузургвораш ба забони тези буррову афсунгару рафтори ба зоҳир намозӣ, вале ба ботин парвардаи нафси  ғоратгар, талабгори мансабу тахту боргоҳи давлатронӣ  бовар кард. Дар пасманзари даъвату шиорҳои динпарвариву имону эътиқодгӯиву тасбеҳгардонии онон нақшаву тарҳрезиҳои хунинро дидан натавонистанд.

Ва боз ҳам шукронаи зеҳну сиришту диду водидаи миллати куҳанбунёди тоҷик  бар алайҳи ҷунбишҳои аҳриманӣ Коваи зеҳни адолатситонашро  ба майдони набард  баровард. Ғолибан, халқи дифогар  аз хосияту обрӯву шарафи мондагор дар Ватани воҳид дасти ба даст бархоста, ба истиқрори сулҳ, ҳамдиливу ба нестӣ расонидани оташи ҷанги таҳмилӣ. Халқи ҷовидонёди тоҷик, зеби дунё бирасад боз дар мақоми осудаи зиндагиву кори шоиста.

Акбар Шариф рӯ тофт  аз ҳокимияти «исломсозон»-и шайху эшону домуллову махсумҳои ҷангандози ҳамватанаш, ки акнун дар сарзамини Афғонистон доми тазвиру пайти мувофиқ мекофтанд ҳампову ҳамдаст бо аҷнабиёни мисли худ «муҷоҳид»-и харобиовар, то дубора ҳамлавар шаванд ба манзилу маъвову мазори падару бобову бобокалонҳои гиромигуҳар. Акбар Шариф хуби хуб фаҳмиду  рамз бардошт, ки  қавми ба думболашон овардаро ба ҳайле ваҳобиву салафиву дигар фирқаҳои мазҳабу ойинҳои мухталиф, ки бо пулу моли фузун аҳкоми Қуръону мазҳаби аҳли суннати Имоми Аъзамро бар вақфи истинботи худ иҷро мекунанд, фурӯхтан доранд. Аз ҳисоби мусулмонони  мустазъофи муҳоҷир бо «Доксан»-ҳову «Ҷин»-ҳову «Тоёта»-ҳои ялақосӣ ба Ватан бо байрақи исломӣ баргаштанианд.

Тарк гуфт ин «ҳукумат»-и хуношоми вомонда аз маърифату тамаддуни имрӯзаи башарӣ,  гумкардагони нангу номуси ватандориву сарфарозии миллати хешро.

Сари роҳи яке аз қарияҳои вилояти Тахор ба ошхонаи калоне даромад, ки ғазое тановул намояду каме кӯфти роҳ барорад.

Ба сари мизи нишастааш марди олуфтапӯши гармрӯи афғонӣ ташриф оварда, бо эҳтиром ба пурсупосу таҳковиаш шурӯъ кард:

– Коко,  валоки қавораи афғонӣ надорӣ, мисле, ки тоҷикӣ бошӣ. Бигӯ куҷои ҳастӣ, ки ма бо ту, ҷавони рӯшан шиносоӣ мехоҳам.

Акбар аз ҷой хесту аввал одоби саломи лутфи тоҷикиро ба ҷо овард. Ва афзуд:

– Бале, ватандор, ман тоҷикам. Аз тоҷиконе, ки дар кишвари шумо паноҳ гирифта. Аз тоҷиконе, ки  агар бидонед, наберагони Рӯдакиву Фирдавсиву Шайх Камоли Хуҷандӣ…

– Читу зебо ҳарф мезанӣ биядар. Наход, ки нахонда бошам Рӯдакиро, ки гуфта: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, бартар аз дидори рӯи дӯстон». Ма ба асл аз мантақаи Мӯминободи шумоям. Бобоям ёдовар мешуд, ки айёми таъаррузи сурхҳои Шӯравӣ бо чанд тан аз хешони донишманди мусулмононаш ба ин сарзамин гуреза омада. Мудом аз Ватан бо ҳасрату ашку андӯҳ ёддошт мехонд. Огоҳ ҳастӣ ту аз нишону банду басти Мӯминободу мардуми ҳоли ҳозираш. Ку қисса бикӯ?

Акбар аз дидаву шунида, аз хондаву навиштае, ки вобаста ба Тоҷикистон дошт, хеле қисса кард ба ин марди дилкашоли сӯи диёри бобоӣ.

Хесту Акбарро ба оғӯши гарм кашид. Бӯсиду бӯиду дастмолаш кард. «Хез, хона мерем,»- аз дасташ маҳкам қапиду ба ҳавлияш бурдаш.

Акбар гарм ҷогаҳу бистару дастархони пур ёфт. Мизбони дорову бо дасту дили неку ғарибнавоз оғӯшта мизбони хушгуҳари ҳамватани аҷдодиашро сахт меҳмондорӣ кард. «Бекор нашиниву диқ наёрӣ»- гӯён дар ошхонааш ҳамроҳи худ кораш кард. Шабҳову рӯзҳои фориғ аз кор хешу табору ошноҳои афғонӣ гирдаш мекарданду қиссаҳои тоҷикистониашро хандону гирён гӯш мекарданд. Акбар мисле, ки бо қалам сухани зебову таъсирбахш дошт, бо забон ҳам гуфтори дилнишин мекард.

Соҳибхонаи дилсӯз ба рӯяш оғӯши падарона кушод, ки Акбарро зандору хонадор кунад, соҳибдавлату баобрӯ. Бародараш духтари арӯсии зебое дошт. Пешниҳоди тӯяш карданд. Акбар сад миннатдориву ташаккур хонду ба ин гап надаромад «зану фарзандам дар Ватан муштоқанду раҳамро мепоянд».

Аз ҳолу аҳволи хуши Акбар ошнову шиноси муҳоҷирони ҳамватанаш воқиф шуданду хабаргириаш меомаданд. Падархондаш ҳамаи ононро бо иззату икром қабулу гусел менамуд. Ва ба ҳамаашон насиҳат медод, ки коре карда ба Ватани мувофиқи нақлу ривояти Акбар то рӯзи ҷанги шаҳрвандӣ ободу маъмуру мардумнавози худ бозгашт кунанд. Афғонистони ноором аз дасти муллоҳои ҳарису нафспарасту бегонапарвар ба ин ҳоли мудом ҷангзадагиву хунрезиву куштор расидаст. Ин кишвари ноором ҷои онҳо нест.  Бигузоранд муллову шайху даъвогарони «Давлати исломӣ»-и  созандаро,  бисозанд  Ватани худро ва ба сулҳу ошноӣ бирасанд.

Акбар бо кӯмаку тавсияи марди падарвор ғамхораш ба Ватан баргашт. Дари хонаи умедашро кушод. Чанде ба ҳайси ходими адабӣ, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» кор кард. Ватанро воқеан бо табъи баҳоронаву Наврӯзӣ созанда истиқболу ситоиш кардан гирифт. Аз тариқи радиову телевизиону дигар расонаҳои хабарӣ ҳамдиёрони ғариуфтодаашро бозгашт мехонд ба Ватани навдавлату фурӯзон бо ситораҳои сулҳу ваҳдату осудагие, ки  Сарвари пирӯзвар, ботадбир, давлатсози муқтадир Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор бароварда кардааст.

Ба телевизиони тоза чеҳраафрӯзи Тоҷикистон ба кор даромад. Борҳо ва борҳо қудуми мубораки Президенти нави кишварро, ки ба оғӯши мардуми ноҳияи Панҷи аз ҳама нуқоти ҷумҳурӣ бештар харобгаштаву бештар куштаву сӯхта дода, ташриф овард, бо таҳсину ҳамду сано ба чашми оламиён намоиш дод. Дар намоишномаҳову навиштори рӯзномаву маҷалот вақти ин мақдами наҷотбахши Сарвари муаззамро ба ноҳияи Панҷ (дар айёме, ки дуди оташи ошӯбу сӯйиқасду куштор ҳоло ҳам аланга дошт моҳи декабри соли 1995) чун неъмати бузурги ҷамъоварии мардуми офатзадаву гурезону парешон дар мулку макони бегона расона мекард. Садо дошт, ки ҳамдиёрони шарифаш бе ҳаросу бим зуди зуд ба Ватан боз гарданд, ба меҳнати созандаву ободгарона бипайванданд. Он ҳама қавлу қасаму даъвоҳои наҳзатиёну пуштибонони аҷнабияшон сафсатаанду ғарази дунёдаркашиву нафспуркунӣ.

Соли 1996 китоби қиссаву ҳикояҳояш баромад бо номи «Ахтари ашк», ки дарҳол мақбули хонандагони сершумор гардид. Дар ин китоб қаҳрамононаш воқеан шахсиятҳои ватансозу ватангиру мардумнавозанд бо зеҳну поймардиву симои меҳнатофарини тоҷикона.  Акбар, ки дарду алами раҳрезу порези ватангумиву хайманишинии саҳроҳои ғарибонаро дида буд, ҳарфу садояш хонандаро дар дили зодбуми аҷдодӣ парвариш медиҳанд. Меҳри шинандаву бинандаро ба Тоҷикистони навин, ба кордори Нурофарину Ваҳдатгирову Сулҳпарвару Ояндасозӣ Пешвои муаззами миллат  ва Ҳукумати кишвар меафзоянд.

Мардуми ноҳияи Панҷ ба шукри пойдории давлати навини тоҷикона аз парокандагиву ранҷу хори кишварҳои бегона ба кошонаҳову маъвои муҳаббатрези худ баргаштанд. Меҳру эҳсону ёду хотир аз он тӯдаи фиребанда таҳти байрақи исломсозии дурӯғин ба тамом барканданд. Бишинохтанд дӯстону хайрхоҳону роҳнамоёни покдилу покраву покизаорои худро. Акбари Шариф бо ин эътибор ба дили ҳамдиёрон ҷо карда буд. Ҳарфу садову чеҳраву рафторашро ибратбахш пазируфтанд. Дар интизори нав-нав навиштаҳояш худогоҳӣ, ватандӯстдорӣ, ситоиши сулҳу салоҳу бародарнавозии тоҷиконааш буданд.

Аммо душмандор ҳам буд. Ононе, ки дар назди ҳақиқату адолату нашъунамои миллат мурданивор шикаст хӯрданд, акнун пинҳонӣ ба шикори чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии бедоркунандаи халқи кишвар ба муқобили гумоштаҳои наҳзативу аҷнабиву авбошони кӯчагӣ дасти хунолуд бар заданд. Бо супориши қатъӣ ва махсуси роҳбарияти онвақтаи ҲНИТ ва пайравони ин ҳизби террористӣ Акбар ваҳшиёна ва бераҳмона ба қатл расонида шуд.

Халқи пандомӯзи мо мегӯяд: «Тилло дар зери хок ҳам тиллост». Ин тилло баъди мурдан ҳам то ҳол дар ёду хотираҳо ба некӣ медурахшанд. Бар эътибори ёдбудаш дар маркази шаҳраки Панҷ, кӯчае номи «Акбар Шариф»-ро доданд. Аз рафтуову гуфтугузори хешу ақрабову шиносу мухлис пур аст ин кӯча доим. Фарзанди ҷонфидо ҷой дар дилҳо гирифтааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *