Тандурустӣ

Корҳои фаҳмондадиҳиро идома диҳем

Имрӯзҳо бемории сироятии Коронавирус ё худ СОVID-19 тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ҳамчун вабои хатарноки аср зери ташвишу изтироби ҷиддӣ қарор дода, боиси коста гардонидани иқтисодиёти ҷаҳон гардид, минҷумла Ҷумҳурии Тоҷикис-тони мо низ аз ин мушкилоти сироятии ба одамон хатарнок истисно нест. Айни замон хурӯҷи дуюми ин беморӣ шиддат гирифта, боиси марги чандин ҳазор одамон гардидааст, ки хеле нигароникунанда мебошад. Вобаста ба ин проблемаи ҷойдошта Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд ва аъзоёни Ситод корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт дар байни мардум , инчунин бо тарзи хона ба хона гаштанро идома дода истодаанд.
Ба хотири пешгирии ин бемории сироятӣ ҷамъомади Ситоди ноҳиявӣ рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи масъулин ва кормандони соҳаи тиб, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар фаъолон баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ Ҷовид ҳакимзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни халқ, хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаҳо аз шахсони мутасаддӣ пурсиш ба амал овард.
Баъдан сардухтури Беморхонаи марказӣ М. Самиев, роҳбари КАТС З. Хандалаев, директори МНДСЭ Ш. Гулаков, сархатиби ноҳия А. Қудратов ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи ба саломатии инсон хатарнок будани ин бемории сироятӣ дар назди ҳозирин ибрози андеша карданд.

Ҷамъомадро раиси Ситод Ҷ. ҳакимзода ҷамъбаст намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки сари ин масъалаҳо фориғболӣ накарда, корҳои оммафаҳмониро дар ин мавзӯъ пурзӯр намоянд ва тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *