Хабарҳо

Ҷамъбаст оид ба натиҷаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузори намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 ноябри соли 2020 зимни баргузории як ҷамъомад раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф бо раисон ва аъзоёни ҳавзаву участкаҳои интихоботии ноҳия вохӯрӣ доир намуд.

Муҳтарам Шоҳиён З дар оѓози ин вохӯрӣ зикр намуд, ки: «Бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромии кишвар саннаи 11 октябри соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раванди баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ бори дигар исбот намуд, ки кулли шаҳрвандони кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як руҳу илҳоми тоза ва дастгирии сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат дар ин маъракаи воқеан сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд.

Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти интихобот 90,92%-и овоздиҳандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия Панҷ низ ҳавзаи интихоботии Панҷ-61 ва дар асоси қарори ин ҳавза бошад дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 31 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд». Зимни суханронии муҳтарам Шоҳиён З ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳавзаву участкаҳои интихоботии ноҳия бобати дар сатҳи лоима гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Дар охири ҷамъомад раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба раисон ва аъзоёни ҳавза ва участкаҳои интихоботии ноҳия бо мақсади саҳмгузориашон дар раванди баргузории интихобот ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *