Хабарҳо

Таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик»

Дар доираи амалӣ намудани Нақша- чорабиниҳои тасдиқгардида, санаи 10 ноябри соли 2020 бо иштироки раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони даъватгардида бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ баргузор гардид.

Дар оѓози ҷамъомад паёми табрикии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф шунида шуд. Зикр гардид, ки: «Баробари ба даст омадани Истиқлолияти   давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари мудохилаи ошкор аз хориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.

        Аммо маҳз тавассути хизматҳои шоиставу арзандаи абармарди арсаи таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва ҷавонмардиву далерии кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар, ба ин ҷанги бародаркуш хотима бахшида шуда, сулҳу субот ва оромӣ насиби мардуми ҷумҳурӣ гардид.

Дар фазои орому осуда, суботи комили сиёсӣ ва тартиботи устувори ҷамъиятӣ зиндагӣ намудан ва татбиқи дигар нақшаҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба нафъи халқи тоҷик равона шудаанд аз фаъолияти самарабахшу пурмаҳсули кормандони милитсияи тоҷик вобаста мебошад.

Имрӯз Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи кормандони мақомотҳои корҳои дохиларо қадрдонӣ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии ин мақомот тадбирҳои муассир андешида истодааст».

Дар ин ҷамъомад ҳамзамон муовини сардори ШВКД дар ноҳия Табаров Д суханронӣ намуда, бобати фаъолияти кормандони ин мақомот ва саҳми онҳо дар таъмини сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ба таври муфассал маълумот дод.

Дар охири кори ҷамъомад аз номи раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф ба як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилаи ноҳия, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва дар пешгирии ҷиноятҳо саҳмгузорӣ намудаанд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *