Сиёсат

Раванди омодагиҳо ҷиҳати баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-61

 

Комиссияи ҳавзавии интихоботии Панҷ №61 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои супоришҳои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию  сиёсӣ баргузор намудани  интихоботи дарпешистода имрӯзҳо  як зумра корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бобати пешгирии хуруҷ намудани мавҷи дуюми бемории сироятии  коронавирус имрӯзҳо бо ҷалби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ва дигар сохторҳои соҳаи тандурустии ноҳия дар участкаҳои интихоботӣ маводҳои антисептикӣ,ниқобҳои тиббӣ, ҳароратсанҷҳо, ташкил карда шудаанд.

Дар ин замина Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия вазифадор гардиаанд, ки вобаста ба пешгири намудани паҳншавии дуюмбораи ин беморӣ дар участкаҳои интихоботиро бо либосҳои муҳофизатии тиббӣ таъмин намоянд.

Айни замон Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаи дезинфексионӣ ва порофилактикунонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати безарагардони, гузаронидани корҳои дезинфексионӣ, дар арафа ва рӯзи интихобот, таъмини захираи маводҳои безараргардонӣ дар участкаҳои интихоботи ҷалб ва вазифадор карда шудаанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *