Сиёсат

Омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Айни замон тамоми гирду атроф ва дохили участкаҳои интихоботии ноҳияи Панҷ дар ҳолати хуби тозагӣ қарор дошта, масъалаи мазкур аз тарафи масъулини ҳавзаи интихоботии Панҷ-61 мунтазам мавриди санҷиш қарор  дода шуд.

Имрӯз дар байни аъзоёни участкаҳои интихоботӣ ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ идома дошта, чунин семинарҳо инчунин бо волонтёрон низ доир гардида истодааст. Ҳамзамон бо имзои раисони участкаҳои интихоботӣ барои волонтёрон бейҷикҳо омода карда шуда, онҳо тибқи тақсимоти комиссияи ҳавзавии ноҳия ба участкаҳои интихоботӣ вобаста карда шудаанд.

Айни замон дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳия ба воситаи волонтёрон шиору овезаҳои иттилоотӣ насб гардида истодаанд.

Имрӯзҳо аллакай ба рӯйхатгирии хона ба хонаи интихобкунандагон идома дошта, бобати ба рӯйхат гирифтани онҳо аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот дар ин самт чораҳои зарурӣ  андешида шудаанд.

Инчунин дар участкаҳои интихоботӣ рӯйхати шахсоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд алоҳида тартиб дода шуда дар баробари ин барои ашхосе, ки имконияташон маҳдуд мебошад ё шахси бемор буда, ниёз ба эҳтиёҷот дорад барои овоздиҳӣ дар хона рӯйхатҳо тартиб дода шудаанд.

Аз тарафи комиссияи ҳавзавии ноҳиявии интихобот ҳар даҳрӯза фаъолияти иттилоотӣ ҷамъбаст ва ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муайянгардида ирсол карда мешаванд.

Вобаста ба ҷойгиршавии участкаҳои интихоботии ноҳия имрӯз дар ҷойҳои муайян ишораҳои сарироҳӣ насб карда шудаанд.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *