Ҳамдиёрони азиз!
Иди сайиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, ки имсол санаи 31 июл дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона ва сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда мешавад.
Ба ин хотир тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ин иди сайид самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ, комёбӣ ва файзу баракат таманно дорам.
Воқеан муъминон дар ин рӯзи шариф ба даргоҳи Худованд бо садоқату фидокорӣ ва ибодату парҳезгорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму рӯҳ муноҷот менамоянд. Ин амр имкон медиҳад, ки инсон зоҳиру ботини худро покиза гардонад ва барои иҷрои фармудаҳои Худованди мутаъол аз қабили омӯхтани илму дониш, эҳсону саховатмандӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву адолат, раҳму шафқат, тарғиби ахлоқи ҳамида ва дигар корҳои хайру савоб кӯшишу талош намояд.
Таҷлил гардидани Иди сайиди Қурбон дар даврае баргузор гардида истодааст, ки тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла мардуми шарафманди ноҳияи мо низ имрӯзҳо бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қалби саршор аз меҳр ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат дар самти вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Дар доираи иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2019 ва нимсолаи аввали соли 2020 сокинони меҳнатдӯсту шарафманди ноҳия, ба як зумра дастовардҳо ноил гардиданд.
То имрӯз 113 иншоот бо маблағи 25 миллиону 443 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки 53,8 фоизи Нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои гузаргоҳ ва толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, бинои панҷошиёнаи маъмурии шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағи 6 миллион сомонӣ, бинои шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолон бо маблағи 3 миллиону 870 ҳозор сомонӣ, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи А. Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва коллеҷи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, нуқтаи таъмир, шустушӯи мошинҳо ва дар ошёнаи дуюми бино сехи дӯзандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 50- солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ, бо маром идома ёфта истодаанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Моҳияти аслии Иди сайиди Қурбон, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, дар ҳақиқат ба маромҳои инсондӯстиву мурувват, сулҳофариву меҳрубонӣ бунёд ёфта, дар ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо низ нақши барҷаста дорад».
Шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хислатҳои хеле қадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рӯзи муборак дили касеро ба даст овардан, нисбат ба ятимону бепарасторон, муҳтоҷону барҷомон-дагон, камбизоату маъюбон хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб мебошад. Зеро хайру сахо кардан аз ҷумлаи воҷиботи дини мубини ислом ва беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Бинобар ин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди сайиди Қурбон аз тарафи як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва ашхоси саховатманди ноҳия ба чунин ашхос, ки воқеан ниёз ба кӯмаку дастгирии моддиву молиявӣ доранд, кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуда, ин иқдоми наку дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Зеро ба қавли бузургони мо: «дилеро ба даст овардан баробари тавофи хонаи Худо кардан аст».
Дар баробари ин чунин кӯмакҳои моддӣ дар арафаи таҷлили ҷашну идҳо ба афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0336 ва 0332-и Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия расонида шуда истодааст.
Бо шарофияти Истиқлолияти давлатӣ имрӯз арзишҳои динӣ дар зиндагии халқи мо дар баробари арзишҳои олии инсонӣ мақому манзалати баландро касб намуда, онҳо ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд.
Маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои диннӣ ва ба танзим даровардани суннатҳои миллӣ, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда истодааст. Ин қонун аз як ҷиҳат ҳамчун санади ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо пешбинӣ намудааст
Бо назардошти ин гуфтаҳо ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надода, таҷлили ҷашну маъракаҳо аз ҷумла, Иди Қурбонро бе зиёдаравӣ ва исрофкорӣ пешвоз гирад.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, ки нисбат ба давраи ҷанги дуюми ҷаҳон хатарноку вазнинтар барои инсоният маҳсуб меёбад, ба ташвиш овардааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми ин беморӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои ҷойдошта тадбирҳои зарӯрию саривақтиро амалӣ намуда истодааст.
Дар давраи паҳншавии босуръати ин беморӣ, ки муддати чанд моҳ идома ёфт бо мақсади пешгирии он ва дастгирӣ намудани беморону табибон ва ниёзмандон, кӯмакҳои моддии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20-уми майи соли равон ба ноҳияи Панҷ расонида шуданд, ки аз 42 тонна маводҳои хӯрока аз ҷумла, 8 тонна картошка, 8 тонна пиёз,8 тонна сабзӣ, 7 тонна орд, 5 тонна биринҷ, 2 тонна равған, инчунин 58 қуттии маводҳои гуногуни доруворӣ ва 6 намуди маводҳои хоҷагидорӣ, иборат буданд.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, ин берун баромадан аз муқаррароту эътиқодоти мазҳаби ҳанафӣ, тақлид ба равия ва ғояҳои бегона, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки барои шуури динии аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон хатарнок аст, мебошад.
Фазои орому сиёсати пешгирифтаи давлат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум имконияти бештарро фароҳам овардааст, ки барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ ба заҳмати бунёдкорона машғул шаванд.
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми шарафманду меҳнатдӯсти ноҳияи мо барои таҳкими қимматтарин арзишҳои инсониву имонӣ пеш аз ҳама дӯстиву бародарӣ нисбат ба ҳамдигар, муҳаббату садоқат ба ватан ва саховату муруват ба дармондагон ин идро низ таҷлил хоҳанд кард.
Бо мақсади амалӣ шудани ҳамаи ин умеду ормонҳо бори дигар ҳамаи ҳамдиёрони азизро бахшида ба таҷлили Иди сайиди Қурбон табрик намуда, барояшон саодати рӯзгор, хушбахтиву шодмонӣ, оромию субботро тамано намуда, хоҳони онам, ки дар кишвари соҳиб истиқлоламон Тоҷикистон парчами сулҳу субот, то абад парафшонӣ намояд.
Иди сайиди Қурбон муборак ҳамдиёрони азиз!