Вохӯри бо ҷамоат

Баргузор намудани маҷлисҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

 

Тибқи амри раиси ноҳияи Панҷ аз 7 июли соли 2020, №66 Гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия «Оид ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ ва раванди корҳои саҳроӣ аз ҷумла кишти картошка, пиёз, лубиёгиҳо, ҷуворимакка, шолӣ ва дигар зироатҳо, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, таъсис дода шуда баргузор гардид, ки дар кори ин маҷлис муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони муаасисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони марказҳои саломати ва бунгоҳои тиббӣ ҳудуди ҷамоат иштирок намуданд.
Дар кории маҷлис раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар маҷлис рафти иҷрои қарори раиси ноҳия Панҷ аз 7 сентябри соли 2018, №857 “Оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” инчунин оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини раиси ноҳия оид ба соҳаҳои саноат ва сохтмон (Кенҷаева Х) шунида шуд.
Сипас бобати рафти иҷрои кишти такрорӣ ва раванди корҳои саҳроӣ аз ҷумла кишти картошка, пиёз, лубиёгиҳо, ҷуворимакка, шолӣ ва дигар зироатҳо, муовини якуми раиси ноҳия (Нидозода Ҳ) ҳисобот дод.
Дар охири маҷлис муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, яъне Президентӣ, сурат бахшидани кишти такрорӣ аз ҷумла картошка, ҷуворимака, мошу, шолӣ ва дигар лубиёгиҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва захираи хӯроки дусола, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ дар самти пешгирии вабои аср яъне бемории «Коронавирус», мунтазам доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии ин беморӣ, истифодаи ҳатмии ниқоб, риояи ҳамешагии гигиенаи шахсӣ ҷоннок намудани фаъолияти бунгоҳҳои тиббӣ, безарар гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю маҳаллаҳо ва ҳар як хонаву ҳавлӣ, дастгирии ҳамешагии ниёзмандон, маъюбону, ятимон ва эҳтиёҷмандон, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *