Сиёсат

Андешаҳо перомуни филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар бораи фаъолияти тахрибкорона ва иғвогаронаи роҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ

Воқеан баъд аз тамошо намудани филми мазкур бори дигар симои манфуру шармандаворӣ роҳбарон ва аъзоёни Ташкилоти экстремистию террористии собиқ “Ҳизби наҳзати  исломӣ” бахусус роҳбари он, аршадтарин хиёнаткорӣ давру замон, хоини миллату Ватан Муҳиддин Кабирӣ пеши назари хар як бинанда омада, ӯро водор менамояд, то ба суоле посух ҷуяд, ки; оё чунин як хиёнаткори дур аз ватан ва номусаш афтодаву иғвоангез, бахшида хоҳад шуд. Ҷавоб ҳамин аст: “Асло не!”.  Чунки таърихи миллати тоҷик чунин хиёнати сахту нангинро дар симои ягон  нафар тоҷик то имрӯз надида буд ва нахоҳад дид.

Хиёнатеро, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба ин давлату миллати бо фарҳанг раво диданд таърих ва  насли ояндаи мо   ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Чунки ин хиёнати нангин садҳо ва ҳатто ҳазорҳо маротиба бадтар аз таъсири бемории Коронавирус аст. Ба таври дигар таъсири ин беморӣ аз байн хоҳад рафт, вале доғи амали манфури ин гуруҳи хиёнаткорон, ки ба Ватану давлат ва миллат намуданд аз қалб ва саҳифаи таърихи миллати тоҷик нест нахоҳад шуд.

Чунки нангеро, ки Кабирӣ ва зердастонаш ба бор оварданд дар саҳифаи таърих бо чунин ибораҳо навишта хоҳад шуд: “Хиёнат ва нанги бадтар аз марг”.

Мо мардуми тоҷик бо фарҳанги пурғановати худ ҳамеша дар тули таърих шинохта шуда, ва ин фарҳангро дар оянда низ ҳифз ва ҳимоя хоҳем кард. Зеро имрӯз ин давлату кишвар ва миллатро нафаре роҳбарӣ намуда истодааст, ки шояд аҷдоди мо солҳо боз интизораш будаву назирашро дар саҳифаи таърих касе ёд надорад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *