Хабарҳо

НАҚШИ ОИЛА ДАР ПЕШГИРИИ ХУРОФОТПАРАСТИ

Оила дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарасти нақши калиди дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо […]

Сиёсат Хабарҳо

ШАБАКАҲОИ ИҶИМОӢ ВА ХАТАРИ ИНҚИЛОБҲОИ МУОСИР

Дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаври истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Сиёсат Хабарҳо

Доғи сиёҳ дар таърихи миллат Хотираи неки устод Осимӣ дар қалбҳои мо боқист

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд.

Сиёсат Хабарҳо

Инсони тассубзадаву хурофотӣ аз дарки озодӣ бебаҳра аст

Инсони тассубзадаву хурофотӣ аз дарки озодӣ бебаҳра аст   Дар ҳар кишваре ки тассубу хурофот, нодонӣ, ҷаҳл ва бовармандӣ ба шаклҳои мухталифи истибдод зуҳур мекунанд, дар он сарзамин ҳеҷ ҳаққи озодӣ лабханд нахоҳад зад. Ин ба он маънист, ки озодиро танҳо инсонҳои соҳибдонишу вораста, ки бо кушишу талош ва ҷӯёӣ аз роҳи хираду андеша тавонистаанд […]

Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф ба муносибати Иди сайиди Қурбон (28.06.23)

Ҳамдиёрони азиз! Таҳлилу баррасии таърихи миллатҳои олам нишон медиҳад, ки бахши умдае аз саҳифаи он ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи он мебошад. Озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун эҳсоси табиии инсонӣ дар замири ҳар шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ, табақа ва миллат мавҷуд буда, инсон барои расидан ба ҳифзи он кўшиш менамояд. Имрўз хурду бузурги кишвари […]

Хабарҳо

П а ё м и табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ба муносибати 26-солагии ҷашни “Рўзи ваҳдати миллӣ” (24.06.23)

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то кунун марҳилаи кўтоҳ, вале пурмасъулияти сарнавиштсози эҳёи суннатҳои давлатдории милливу таърихиро пушти сар намудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, яъне ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки санаи 27 июни соли 1997 баъди ба анҷом расидани ҷанги хунину даҳшатбори шаҳрвандӣ дар кишвар […]

Хабарҳо

Гурӯҳи таблиғотӣ дар байни мардум

Тибқи дастури раисони вилоят ва ноҳия бо мақсади бартараф намудани камбудию норасиҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони вилоят 27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара баён карда буданд, дар ҳама минтақаҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуд. Минҷумла дар ноҳияи мо таҳти роҳбарии директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии […]

Хабарҳо

Қадрдонӣ

Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳо мусаллаҳи Ҷумҳурӣ мояи ифтихор ва эҳтироми ҳар як шахс маҳсуб меёбад, зеро ҳифзи марзу буми кишвар, музаффариятҳои истиқлол ва давлату миллат ҳамеша дар мадди аввал меистад. Давраи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба анҷом расид. Ноҳияи Панҷи мо низ аз иҷрои саривақтии Нақшаи даъват ба хубӣ баромада тавонист. Дар […]

Хабарҳо

Кӯмак ба шаҳидони Ватан

Дар муноқишаҳою задухӯрдҳои байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон миёни шаҳидони гулгункафани Ватан  ду нафар аз диловарони ҷавони ноҳияи Панҷ (Наҷмуддинов Қамариддин Назарвалиевич ва Холбоев Зайниддин ) низ ба шаҳодат расида буданд.  Наҷмуддинов Қамариддин Назарвалиевич – таваллудаш 01.01.1993, капитан, ҷойи истиқомати доимиаш деҳаи «16-солагии Истиқлолият»-и ҷамоати деҳоти Сайфуддинов Кабут, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Панҷ, соҳиби […]