Хабарҳо

БАРНОМАИ РУШТИ ИҶТИМОИ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ПАНҶ БАРОИ СОЛҲОИ 2019 – 2020

Санаи 11 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва кӯмаки машваратии лоиҳаи БРСММ – «Баланд намудани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои назди сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» LITACA (фазаи 2) муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2019-2020 баргузор гардид. Мақсади асосии баргузор […]

Хабарҳо

ПАРРАНДА СУРУДИ ЗИСТАН ХОНД

  Бармолаи кӯҳи Хонобод, даштҳои Боғи  ширкат, тайёрамайдони вилояти Қундуз, Камии Сахӣ  дар минтақаи  Мазори Шариф ва дигар нуқоти бе обу сояву танӯру бе кашонаи сарпаноҳ муҳоҷирони иҷбории тоҷикро макони зисту рӯзгузаронӣ шуда буданд. Ҳар рӯзи Худо бо ҷанозаи хурду калони паноҳандагон нолаву фиғон мехест. Дар гӯшаҳои чӯлҳо қабристонҳои тоҷикони ғарибмурда аз хоктеппаҳои пур мешуд… […]

Хабарҳо

Сафари кории сафири Украина ба ноҳияи Панҷ

  3 декабри соли равон сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серпантюк ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмони олиқадрро раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, муовинони раис ва дигар шахсони фаъол гарму самимӣ истиқбол  гирифтанд. Сафари кории сафир аз ҷамоати деҳоти Намуна оuоз гардид. Раиси ноҳия ва дигарон сафири Украина Василий […]

Хабарҳо

Дидорбинии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои ободонию созандагӣ

  Санаи 1 декабри соли 2020 дар доираи иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ  ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. ба ноҳияи Панҷ анҷом дода шуд. Зимни ин сафари корӣ […]

Кишоварзӣ

Кишоварзон дар тараддуданд

Кишоварзони ноҳия баҳри амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самараноки истеҳсолот, ҳосилнокии зироатҳо ва дигар намуди ғалладонагӣ бо дар назардошти ба даст овардани ду ҳосил дар як сол суботкорона меҳнат намуда, то ба имрӯз дар майдони зиёда аз 3290 гектар замин кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки 2600 гектари онро зироатҳои ғалладонагӣ, […]

Тандурустӣ

Корҳои фаҳмондадиҳиро идома диҳем

Имрӯзҳо бемории сироятии Коронавирус ё худ СОVID-19 тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ҳамчун вабои хатарноки аср зери ташвишу изтироби ҷиддӣ қарор дода, боиси коста гардонидани иқтисодиёти ҷаҳон гардид, минҷумла Ҷумҳурии Тоҷикис-тони мо низ аз ин мушкилоти сироятии ба одамон хатарнок истисно нест. Айни замон хурӯҷи дуюми ин беморӣ шиддат гирифта, боиси марги чандин ҳазор одамон гардидааст, ки […]

Хабарҳо

Баргузории семинар оид ба расонидани кӯмаки методӣ дар самти таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ

  Дар доираи иҷрои фармоиши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А аз 30 октябри соли 2020, №89 гуруҳи кории вазорат таъсис ва ҷиҳати расонидани кӯмаки методӣ дар самти таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи гуруҳи корӣ санаи 26 ноябри соли 2020 чунин як […]

Хабарҳо

Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,ВИЛОЯТИ ХАТЛОН РАИСИ НОҲИЯИ ПАНҶ ҚА Р О Р Аз «20» ноябри соли 2020 № 1544 н. Панҷ Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҚА […]

Хабарҳо

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа, соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Ба  хамин  мақсад  24 ноябр дар ноҳияи Панҷ бо  иштироки  масъулини  ноҳия,  намояндаи мақомоти иҷроияи […]