13 январи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомад оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2020 баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам З. Завқизода, муовини вазир Р. Нас-риддинзода, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти […]
Author: n.panj
Диққат – озмун!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд: – сармутахасиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ; -мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ; – сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ; – сармутахассис (муҳандис- заминсоз)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ; -мутахассиси […]
Бешарафиро ҳаргиз пеша макун (Дар ҳошияи филми мустанади «Бешарафӣ»)
Андеша:Бешарафӣ яке аз фазилатҳои баду дарунсиёҳии инсон маҳсуб ёфта, одамро ҳаргиз ба қуллаи мурод намерасонад ва ҳаргиз нахоҳад расонд. Ман ҳоло дар бораи як шахсияте, ки умри фирориашро фақат барои мардумфиребию маблағҳои ҳароми бе меҳнат ёфта ва аз баъзе шахсоне, ки ба ӯ бовар кардаанду ҳамчун чеҳраи намоёни ислом ӯро шинохтаву ба ӯ маблағҳо […]
В О К У Н И Ш И
Аҳли маорифи ноҳияи Панҷ оиди мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» ки тавассути шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» дар шаби 20 январи соли 2021 намоиш дода шуд. Мо аҳли маорифи ноҳияи Панҷ баъд аз тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Бешарафӣ» оиди чеҳраҳои фаъоли собиқ ТЭТ ҲНИ Садриддини Қаландар ва фарзанди ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин ба хулосае омадем, […]
Қадру манзалати инсон дар шараф ва номуси ӯст
Тамошои қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» зери лавҳаи «Бешарафӣ» ҳар як тамошобинро водор ба он месозад, то лаҳзае оид ба шарафу номуси аз дастрафтаи нафароне фикр намояд, ки қадру манзалати инсонии худро, дар симои Муҳаммадиқболи Садриддин аъзои Ташкилоти террористию экстремистии собиқ Хизби Наҳзати Исломӣ аллакай аз даст додаанд. Имрӯз ин шахсияти хиёнаткор, ки номуси […]
Воъизон чун ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд…
Воқеан боиси таассуф ва нигаронист, ки як нафар аъзои Ташкилоти террористию экстремистии собиқ Хизби Наҳзати Исломӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯз аз минбарҳои сухани мамлакатҳои хориҷи кишвар дар боби дини Ислом ва покию назофати ин дини муқаддас сухан мегуяд. Ҳол он ки ӯ шояд фаромӯш кардааст,ки замоне дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шабнишиниҳои қумондонҳо либоси занона […]
«Бешарафӣ» саҳифаи дигари хиёнати Кабирӣ
Қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» , ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ зери лавҳаи «Бешарафӣ» намоиш дода шуда истодааст, дар фаъолияти хиёнаткорона, разилона ва бешарафонаи роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии собиқ Хизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, саҳифаи нави нангину беномусист. Зеро маҳз тавассути Кабирӣ шахсияти дигар, яъне Муҳаммадиқболи Садриддин ба фиребу найранг ва хиёнатҳои бешарафонаи роҳбари […]
Қаллобе гузаро дар пардаи синамо (дар ҳошияи филми мустанади телевизионии “Бешарафӣ”)
Андеша. Шаби гузашта, дақиқтараш, 20 январи соли 2021, соати нуҳи шаб филми мустанади телевизионии “Бешарафӣ”-ро, ки дар доираи силсилафилми “Хиёнат”-и истеҳсоли Тоҷикфилм таҳия гардидааст, аз тариқи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон тамошо кардам. Филми мустанади телевизионии “Бешарафӣ”, асосан, доир ба фаъолияти тахрибкоронаи яке аз наҳзатиёни сарсахт, қаллоби гузаро, таъсисдиҳандаи сомонаи зиддидавлатии “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин ҳикоят […]
ОМОДАГӢ БА ҶАШН
Дар ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳия бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо вусъати тоза гирифта истодаанд. Дар ҳар як маҳалла ва деҳоти ин ҷамоат корҳои ободонию созанда-гӣ ва бунёдкорӣ бештар суръат ёфта, кӯчаю гулгаштҳо боз ҳам зеботару назаррабо гардида истодаанд. Ба шарафи ин ҷашни бузурги миллӣ мувофиқи нақша-чорабиниҳои ҷамоат 42 иншоот […]
Шудгори хушсифат – омили ҳосилнокии баланд
Тавре мутахассисон тавсия медиҳанд, шудгори хушсифати тирамоҳӣ барои ба даст даровардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ аҳамияти калон дорад. Хусусан имсол, ки зимистон дар муқоиса ба солҳои пешин сард омадааст, боиси нест шудани қисме аз ҳашаротҳои зараррасон ва то андозае дам гирифтани замини аз барф ва ях пӯшонидашуда гардида истодааст. Ин ҳолат, албатта, ҷои яхоб […]