Имрӯз дар майдони Парчам давлатии ноҳия чорабини тантанавӣ ба муносибати таҷлил Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар оғози чорабини раиси ноҳияи муҳтарам Иброҳимиён А. К. баромад намуда, мардуми ноҳияро ба ин санаи муҳими таърихӣ яъне Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Баъдан вобаста ба заминаҳои ҳуқуқӣ қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Зувайдуллозода М. М. баромад намуда, қайд намуд ки Парчами давлатӣ танҳо матои дорои рангҳои муайян нест. Он таҷассумгари таърих, фарҳанг, ормонҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчам ҳам меъёри ахлоқӣ ва ҳам уҳдадории ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд аст.
Дар қисмати дуюми чорабиниро ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суруду таронаҳои тозаи худро пешкаш тамошобинон намуданд.

