Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
| Аз « 7 » июли соли 2026 № 496 н. Панҷ |
Дар бораи гузаронидани озмун барои
ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– мудири бахши молиявӣва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳия;
– сармутахассис –ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши молиявӣва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия;
– мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ:
– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассиси (заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассис (омор)-и ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассиси заминсози ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– мутахассиси пешбари нозири мизи бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– сармутахассис (омор)-и ҷамоати деҳоти Намуна;
– мутахассиси ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида шавад.
| 2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 30 марти соли 2026, №165 аз эътибор соқит дониста шавад. |
Раиси ноҳия: Иброҳимиён А.К.

