Имрӯз, 22 июли соли 2026 бо мақсади боздид аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ба ноҳия ташриф оварданд.
Ҳангоми сафари корӣ муҳтарам Вазир аз раванди сохтмони иншоотҳои ҷашни дидан намудан баъдан бо роҳбарият ва фаъолони ноҳия ҷаласа баргузор намуд.

