Имрӯз, 8 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти рушди иҷтимою иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлиси имрӯза муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин,намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Исматзода Тоҷиддин, инчунин роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар маҷлис ҳисобати муовини якуми раиси ноҳия оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ шунида шуд.
Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулин вазифадор карда шуданд.
