Наврӯз иди бостонӣ ва анъанаи халқҳои эронӣ (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ҷорӣ шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ якуми фарвардин (ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо “Иди сари сол” ва “Иди соли нав” низ меноманд. Тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз оид ба табиати муранда (дар зимистон) ва зиндашавнда(дар баҳор) вобаста будааст.
Дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои бостонӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд.
Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.
Равоёти дигаре низ, ки дар даст аст ва дар манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро “Наврӯзи кӯчак”, “Наврӯзи омма” ва «Наврӯзи сағир» гуянд.
Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри VII то милод тақвими авестоӣ ҷорӣ буд. Мувофиқи ин тақвим солро ба 12-моҳи 30-рӯза тақсим карда будаанд. Ҳар 30 рӯзи моҳ номҳои махсус дошт, ки яке аз он рӯзҳо бо номи он моҳ ҳамном буд ва он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз ин 12 ҷашн 3-тоаш аз сабаби он ки дар ин рӯзҳо ҳолати табиат тағйир меёфт, муҳимтар шуморида мешуд. Ҷашни аввали баҳорро “Наврӯз” ҷанши аввали тирамоҳро “Меҳргон”, ҷашни рӯзи 10-уми баҳманмоҳро (ба 30-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд), ки панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз меомад, “Сада” мегуфтанд.
Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳъёи табиат, оғози мавсими баҳории киштукори деҳқонӣ буда, нисбат ба дигар ҷашнҳо эътибори бештаре дошт. Мувофиқи маълумоти Абӯбакр Муҳаммади Наршахӣ Наврӯзро аввал кишоварзон дар рӯзи якуми фарвардин, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ид мекарданд, ки аз ин рӯ “Наврӯзи кишоварзон” ва ”Наврӯзи муғон” меномиданд. Аксари шоирони асрҳои X – XI дар васфи Наврӯз Меҳргон ва Сада шеърҳо офариданд. Наврӯз дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул аз тарафи халқҳои меҳнаткаш бо тантана ид карда мешуд. Мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд. 25-рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас (наск) сабзонида, дар рӯи дастархон мегузоштанд ва омад – омади кишти деҳқониро аз рӯи ҳолату сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд. Ба истиқболи ин ҷашн таомҳо, ҳалвою шириниҳои гуногун мепӯхтанд. Хонҳои наврӯзиро бо ҳафт навъи мева, самбӯсаю нонҳои гуногун зиннат медоданд. Аз ҳафт дарахти мева ҳафт шохча бурида, рӯи дастархон мениҳоданд. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Бадахшон, Кӯлоб ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд дошт. Ҳар гуна дилхушиҳо ва бозию сайрҳои халқӣ баргузор мегардад (дар баъзе ноҳияҳои ҳозираи Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд Наврӯзро 21-уми март не, балки 7-уми март ҷашн мегирифтанд).
Мояи ифтихори мо тоҷикон аст, ки бо саҳм ва талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-уми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

