Санаи 26 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини якум,муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия,мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва имомхатибони масчидҳо ҷомеъ маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур масъалаи маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026, ки санаи 23.01.26. таҳти раёсати Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро ба масъулини соҳа расонида шуд.

