Кишоварзӣ

ТАВСИЯҲОИ ОЛИМОН БО МАҚСАДИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ.

Санаи 20 январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзии мамлакат ҷамъомад баргузор карда шуд.
Ҷамъомади мазкур дар асоси Нақша чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.
Олимони соҳаи кишоварзӣ бештар тавсияҳои худро ба масъалаҳои ” Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ” равона намуданд. Ҳамзамон бобати ҳаллӣ мушкилотҳои соҳаи кишоварзӣ дар маҳал аз ҷониби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии саволу ҷавобҳо дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *