Дар давраҳои асри 21 инсоният ба дастовардҳои бузурги илмӣ ва техникӣ ноил гардид аммо ҳамзамон бо теьдодҳои нав рӯ ба рӯ шудааст. Яке аз чунин теьдодҳои хатарнок терроризм ва экстремизм мебошад, ки сулҳу субот ва оромии ҷомеаҳоро зери хатар мегузорад. Терроризм чист! Терроризм- ин амали зӯроварона бо мақсади тарсонидан фишор овардан ё ноил шудан ба мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ва мазҳабӣ мебошад. Терроризм бо истифода аз тарсу харос миёни мардум, кӯшиш мекунанд ҳукуматҳоро ба зону овардан ва ҷомеаро ноором созанд. Онҳо ҷони одамони бегуноҳро мегиранд ва фазои нобовариро паҳн менамоянд. Экстремизм чист! Экстремизм- ифроту тундравӣ дар ақида ва амал аст, ки шахсро ба нафрати дигарон рад кардани гуногунандешӣ ва зӯроварӣ водор месозад. Ин ақидаҳо метавонад шахсро тадриҷан ба терроризм оварда расонад. Одатан экстремизм дар муҳити бесаводи, камбизоатӣ ва беадолати, рушд меёбад. Ҷавонон ва хатар Бештари гуруҳҳои ифротгаро кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ҷалб намояд, зеро ҷавонон ҳассос, пурэнергия ва зудбовар ҳастанд. Онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимои видеоҳои таблиғотӣ ва ваьдаҳои дуруғин кӯшиш мекунанд, ки мағзи ҷавононро шуста ва онҳоро ба худ ворид намоянд. Чи бояд кард Барои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд фаьол бошад. Мо бояд маьлумот ва маьрифати сиёсӣ ва диниро дар байни ҷавонон густариш диҳем: Оила ва мактабро ҳамчун посбони маьнавиёт ва фархангӣ мустаҳкам созем: Аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳимоя кунем ва муҳити одилона ба вуҷуд оварем. Хулоса- терроризм ва экстремизм танҳо масьалаи давлат нест ин масьулияти умуми миллӣ ҳар яки мост. Мо бояд бо якҷоягӣ, бо забони илму фарханг, бо калами дониш ва бо руҳи вахдат ба мукобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза барем.
Муовини раиси ноҳияи Панҷ Рачабзода Мизроб Раҳим
