Ҷашни ваҳдати миллӣ, ки имсол аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид, яке аз ҷашнҳои таърихии кишвари мо мебошад. Ба муносибати ин ҷашн дар таълимгоҳҳо, корхонаю муассисаҳо чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 25 июн ба ин муносибат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки сарварони ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кулли фаъолони ноҳия чорабинии калони тантанавӣ баргузор гардид. Пеш аз ҷамъомад роҳбарон аз намоиши ҳунарҳои касбиву фарҳангӣ ва маънавии ташкилшуда, ки дар он сӯзаниҳою гулдӯзиҳо, қарамаю қуроқдӯзиҳо, ихтирооти бачагону наврасон, нигораҳои ҳунарҳои мардумӣ, анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, шириниҳои ҳархела, нонҳои мухталифи кадбонуҳо, дастовардҳои ғолибони озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва амсоли инҳо дидан карданд. Чорабиниро роҳбари дастгоҳи ноҳия Б.Файзизода ҳусни оғоз бахшида, сухани табрикиро ба раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода дод. Раис дар табрикоти худ роҷеъ ба мақоми ваҳдат дар барқарор намудани сулҳу осоиши Тоҷикистон муфассал суханронӣ намуд. Сипас сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия муҳтарам Диловар Муродалиев баромад карда, аз таърихи муборизаҳои шадиди қувваҳои сулҳпарвар ва барқароркунандаи сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ иштирокчиёнро хотиррасон намуд. Бори дигар таъкид карда шуд, ки натиҷаи гуфтушунидҳои байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин меваҳои самарабахш дод ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯзи хушбахтиро тамоми мардуми Тоҷикистон бо хурсандии бемислу монанд истиқбол намуданд.
Инак, дар тули 28 соли тантанаи ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо дастовардҳои бузургро соҳиб шуд. Имрӯз моро зарур аст, ки сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагиву ҳамдигарфаҳмии мардуми кишварро, ки муҳимтарин омили пешрафти давлату ҷомеа мебошад, сидқан муҳофизат кунед, – таъкид намуд Диловар Муродалиев.
Дар ҳамин ҷамъомад ғолибони дастаҳои футболбозони ташкилоту корхонаҳои ноҳиявиро раиси ноҳия бо ифтихорномаҳою туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид. Баъдан қисми дуюми ҷамъомад оғоз ёфта, беҳтарин ҳунарпешагони ноҳия суруду рақсҳои худро ба истиқболи 28-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ пешкаши иштирокчиёни ҷамъомад гардонида, хотири онҳоро болида сохтанд.
Ҳамин тариқ, дар ноҳия 28-умин солгарди Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи хотирмон ва назаррас баргузор гардид.
П.Нуров, Д.Амирзода, Ш.Сафархоҷазода