Гармшавии глобалӣ, афзоиши талабот ба оби ошомиданӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиш ёфтани захираҳои обӣ имрӯз ба як нигаронии амиқу ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд, тайи чанд соли охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади он пурра об шудааст. Маҳз ба хотири ҳифзи пиряхҳо ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз 29 то 31 май дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳбарону намояндагони 65 мамолики ҷаҳон баргузор гардид ва дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Қайд кардан даркор аст, ки дар тули беш аз ду даҳсолаи охир Сарвари кишвари мо зиёда аз 14 ташаббусҳои бемисли глобалиро дар масоили обу иқлим, муҳити зист ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Дар сафари ба наздикӣ ба анҷом расонидаи худ Пешвои миллат ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнусҳо дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, иштирок намуда, ташаббуси навбатии худро дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криостерӣ), солҳои 2025-2034» ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин ташаббус аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон дар масири ҳифзи муҳити зист ва бақои ҳаёти инсон дар рӯйи замин пайваста гомҳои башардӯстона мегузорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии худ бори дигар мамолики ҷаҳонро водор намуд, ки бо криостера ҳамчун манбаи ҳаёт ва ҳифзи ҳаёти инсонӣ таваҷҷуҳи ҷиддитар зоҳир намоянд. Дар ин ҳамоиш Сарвари кишвари мо як зумраи пайомадҳои обшавии босуръати пиряхҳоро ба миён гузошта, ҷиҳати норасоии оби тоза, коҳиши истеҳсоли неруи барқ, хавфи амнияти озуқаворӣ ва таѓйири экосистемаҳои кишварҳо ҷиддан изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар суханрониашон Пешвои миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, таъкид карданд: «Обшавии пиряхҳо танҳо масъалаи як минтақа нест, балки мушкилоти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба ҳифзи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад». Аз ин ҷиҳат Сарвари кишвари мо таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба илмҳои яхшиносиро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд, ки ин иқдоми бузурги дурбинона дар омӯзишу пажуҳиши илмии яхшиносӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ басо арзишманд аст. Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ва берун аз он як сарчашмаи муҳими оби тоза мебошад. Аз ин рӯ ҳифзи ин сарчашмаи ҳаёт вазифаи умумибашарӣ аст.
Ташаббусҳои Сарвари кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби аксарияти кулли мамолики дунё ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон оид ба масъалаҳои болозикр нақши калидӣ дорад ва ин пешниҳоду ташаббусҳо эътибори мамлакати моро дар арсаи ҷаҳонӣ хеле баланд бардошта истодаанд.
П.Нуров, узви ИЖТ