Мақомоти прокуратура дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақоми хоссаеро дорост, ки иҷрои талаботи қонунгузориҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамеша зери назорати он мебошад. Прокуратураи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳои Президенти мамлакат, фармонҳои Прокурори генералӣ, қарорҳои ҳайати мушовараи он ва прокуратураи вилоят ба роҳ монда, фаъолияти худро ба роҳ монда ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ корҳои муайянеро ба сомон расониданд.
Тибқи нақшаи корӣ масъалаҳои мубрами рӯзро муҳокима, баррасӣ ва натиҷагирӣ карда, кормандони мақомот кӯшиш ба харҷ додаанд, ки нисбати вазифаҳои ишғол кардаи худ масъулияти баланд эҳсос намоянд. Ин аст, ки дар ин давра ягон нафар аз кормандони прокуратураи ноҳия ба ҷавобгарии интизомӣ кашида нашудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки вобаста ба талаботи аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2024) тавассути нақша – чорабиниҳои қабулгардида 20 маротиба чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мазмун ва муҳтавои Паём дар байни мардум дар ин давра баргузор гардид. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси Низомнома ва Дастурамали он ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои нақшавии Шӯро мавриди амал ва иҷро қарор дода шудаанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура ташкили кор, назорати иҷро ва кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Прокуратураи ноҳия дар ин самт ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ду маротиба санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амрҳо, эътирозҳо, пешниҳодҳо ба унвони масъулин ирсол гардида, мутобиқи қонунгузории мазкур шахсони дахлдор ба ҷавобагрии интизомӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Ба прокуратураи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 108 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид, ки аз он 54 ададаш бевосита аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия баррасӣ гардида, 41 муроҷиат вобаста ба тобеият ба дигар мақомотҳо ирсол карда шуд.
Вобаста ба ҳолати иҷрои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2016, №7 «Дар бораи баланд бардоштани саҳми назорати умумӣ дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ» 48 маротиба санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ба унвони раиси ноҳия, роҳбарони корхона ва муассисаю ташкилотҳо 142 амр, 129 эътироз ва ба қарорҳои хилофи қонун қабулшуда 6 эътироз, 97 пешниҳод оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда фиристода шуд. Дар натиҷа 367 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 200 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 297 нафар ба ҷавобагарии интизомӣ ҷалб гардида, аз натиҷаи санҷишҳо 35 парвандаи ҷиноятӣ ошкор карда шудааст.
Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 3 маротиба санҷиш гузаронида, барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳо 39 амр, 19 пешниҳод, 32 эътироз ирсол карда, 15 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамин тариқ оид ба ҳолати иҷрои қонунгузории меҳнат ва риояи техникаи бехатарӣ, иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунгузори ҳифзи муҳити зист, ҳолати иҷрои Қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ҳолати иҷрои фармонҳои Прокурори генералӣ «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт», «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба тақвияти самаранокии назорати прокурорӣ вобаста ба иҷрои қонунгузории андоз», «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура вобаста ба баланд бардоштани самаранокии назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон», «Дар бораи иштироки прокурор ҳангмои аз тарафи судҳо баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ва назорати қонунӣ будани санадсудӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ», «Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ зимни иҷрои қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи вазифаҳои прокуратура оид ба ташвиқу тарғиби қонунҳо, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ вар обита бо ҷомеа» ва «дар бораи иштироки мақомоти прокуратура дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва мураттабсозии қонунгузорӣ» прокуратураи ноҳия санҷишҳо гузаронида, ҷиҳати бартараф кардани қонунвайронкниҳо амрҳо, эътирозҳо, пешниҳодҳо ба мақомот ва сохторҳои марбута ирсол намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони фаврии прокуратураи ноҳия оид ба тарғибу таблиғи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 146 маротиба дар байни аҳолӣ, аз ҷумла 120 маротба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти назоратӣ, корхонаву муассисаю ташкилотҳо, коллективҳои меҳнатӣ баромад карданд. Тавассути воситаҳои ахбори умум бошад, дар ин давра 22 маротиба баромад карда шуд.
Кормандони прокуратураи ноҳия минбаъд низ баҳри таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, тадбирҳои судманд меандешанд.
М.Зувайдуллозода, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи I