Дар бораи мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ ва дигар падидаҳои номатлуби замон бисёр гуфтаему навиштаем, вале гумон мекунем, ки то пурра решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб боз бисёр гӯему нависем, дар ҳамоишу ҷаласаву ҷамъомадҳо чораҳои боз ҳам муқавворо роҳандозӣ намоем, ташвиқу таргӣб кунем.
Хусусан коррупсия яке аз зуҳуроти номатлубу даҳшатноке барои ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, мубориза ба муқобили он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шахрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакати мо мебошад, зеро рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ ва поймол кардани адолат мегардад.
Бе сабаб нест, ки аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ то айни замон Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи муқовимат бо коррупсия бениҳоят ҷиддӣ таъкид менамоянд ва онро дар меҳвари сиёсати хирадмандонаю оқилонаи худ қарор доданд. Дар ҳама суханрониҳояшон Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки барои пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Дар мамлакати мо як стратегияву барномаҳои давлатӣ баҳри рафъи омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва коҳиш додани сатҳи коррупсия таъсири худро гузаронида истодаанд. Яке аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии асосӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» , ки 7 августи соли 2020, № 1714 мебошад , ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро мушаххас намуда,ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадиди мақомоти давлатӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки мубориза ба коррупсия фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо мекунад, фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Агентии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия барои пурра решакан кардани зуҳуроту падидаҳои коррупсионӣ, бе дастгирии ҷомеа ва шаҳрвандон кифоя нест. Зарур аст, ки тамоми ҷомеа дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ба хотири мустаҳкам намудани адолати иҷтимоӣ, рукнҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани дараҷаи зисту зиндагии мардум якҷоя амал намуда, ин зуҳуроти хавфноку даҳшатзоро решакан намоянд. Барои расидан ба ин мақсад баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур мебошад. Инсон ва шаҳрванд ҳар қадар ки ҳуқуқу вазифаҳои худро хубтар аз бар кунад, маърифати ҳуқуқиашро баланд бардорад, ҳамон қадар демократия мустаҳкам гардида, падидаҳою зуҳуроти номатлуб бартараф хоҳанд шуд.
П. Нуров,
узви ИЖТ