Хабарҳо

Пешгирии хавфи офатҳои табиӣ

 

Шуъбаи Раёсати Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  вилояти  Хатлон дар ноҳияи Панҷ дар асоси супориши  раис-сардори мудофиаи гражлании ноҳия ва муовини раиси Кумитаи ҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон як қатор корҳоро ба сомон расонид. Ҳамзамон, дар асоси Амри раис-сардори мудофиаи граждании ноҳия аз 24 январи соли 2025, №14 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» шуъба дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хадамоти мудофиаи гражданӣ чорабиниҳои пешгирикунанда, машқи ғайринақшавӣ дар митақаи хавфноки деҳаи Аспреси ҷамоати деҳоти Озодагон ба тариқи ҳашари дастаҷамъӣ бо ҷалби аҳолӣ ва кормандону хизматчиён рўзҳои 25-26 январи соли 2025 ташкил намуд.

         Рўзи 25 январи соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Аспрес селпартои Отчопар, ки бинобар сабаби боришоти боронҳои пай дар пайи баҳору тобистони соли 2024 роҳи байни деҳаи Тепавой ва Отчопар вайрон шуда буд, ба тариқи ҳашари дастаҷамъона дар фасли баҳори соли 2024 ду адад трубаҳои оҳанини 5-метра, ки қутрашон 1500 мм аст, хобонда шуд, вале дар натиҷаи омадани сел роҳ шуста вайрон шуда буд.

         Дар асоси Амри раис-сардори мудофиаи граждании ноҳия бо ҷалби 90 нафар аҳолӣ, 15 нафар кормандону хизматчиён ва 4 адад техникаҳои гуногунтамға, аз қабили як адад экскватор, як адад булдозери Т-75 ва ду адад камаз дар рўзи аввали чорабинӣ иштирок намуда, трубаҳои оҳанин аз хоку гил тоза карда шуданд. Дар охир аз ҷониби шахсони саховатпеша ва фаъолони маҳал барои иштирокчиёни чорабинӣ хўроки гарм ва оби нўшокӣ ташкил карда шуд.

         Рўзи 26 январи соли 2025 дар митақаи хавфноки деҳаи Аспреси Ҷамоати деҳоти Озодагон бо иштироки 25 нафар аҳолӣ бо белу каланд дохили трубаи оҳанинро тоза намуданд. Дар ин рўз як адад экскватор, 20 нафар аҳолӣ бо истифода аз қувваи корӣ селроҳаи Отчопарро аз селовардҳо ва шоху дарахтон тоза карданд.

         Илова бар ин, ба тариқи ҳашари дастаҷамъона бо иштироки 63 нафар аҳолӣ, 6 нафар кормандону хизматчиён бо истифода аз як экскватор ва 4 адад камаз 70 мошин сангу шағал кашонда шуда, роҳи маҳалларо ба масофаи 2900 метр сангфарш намуданд.

         Рўзи 27 январи соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат, деҳаи Вахё, канали Ҳалқаёр бо истифода аз як адад техникаи экскватори хадамоти муҳофизат аз селҳо ва бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 800 метр аз гилу лой дар давоми гузаронидани машқ тоза карда шуд.

         Инчунин дар  Ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Аспрес бо як адад булдозери Т-75 роҳи нави маҳаллаи Тепавойи деҳаи болозикр ба масофаи 250 метр тахту ҳамвор гардид. Дар ин мавзеъ 25 нафар аҳолӣ ва 8 нафар коргарону хизматчиён иштирок намуданд. Корҳои роҳсозӣ дар ин минтақа идома дорад.

         Ҳамагӣ дар чорабиниҳои мазкур 29 нафар корманд, 223 аҳолӣ ва 11 адад техникаҳои гуногунтамға сафарбар карда шуданд.

                             У.Исмонзода, сардори шуъбаи Раёсати

                             Кумитаи ҲФ ва МГ-и вилояти Хатлон

                             дар ноҳияи Панҷ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *