Маърифати ҳуқуқӣ-асоси пойдории қонун
Эълон гардидани соли 2024-«Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ба вуқуъ пайваст, иқдоми навбатии беназир дар самти рушди фарҳанги ҳуқуқи аҳолии кишвар мебошад.
Талаботи асосӣ барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ин доштани сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ҳисобида шуда, донистани падидаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои худогоҳӣ ва дар навбати дигар ташаккули давлат ва ҳуқуқ умуман рушди босуботи фарҳанги ҳуқуқӣ, ки аз он ҳосил мегардад аз ҷониби аҳолӣ ва хосатан ҷавонон, ки қишри асосии аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, як амри зарурӣ мебошад.
Хусусиятҳои хоси фарҳанги ҳуқуқии инсон сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар, риоя, иҷро ва истифодаи ин қонунҳо мебошад.
Дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар дар маҷмуъ ва махсусан фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун насли нав, самти муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мантиқист, ки ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва сиёсати ҳуқуқуии давлат бевосита вобастагӣ дорад.
Агар сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии аҳолии кишвар баланд бошад, сиёсати ҳуқуқӣ ба таври муассир ташаккул меёбад, зеро донистани қонунҳо ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар чорабиниҳои ҳуқуқӣ, давлатро ба қабули намудани меъёрҳои ҳуқуқии зарурӣ ва такмил додани низоми қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад.
Волоияти қонун, давлати ҳуқуқбунёд ва рушди мутаассили ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси фарҳанги ҳуқуқӣ ташаккул меёбад ва тибқи муқаррароти моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагонӣ дорем. Барои он, ки волоияти қонун, адолат, инсондӯстӣ, иҷрои бошууронаи вазифаҳои конститутсионии ҳар шахс дар назди давлат ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд риоя гардад, сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ махсусан ҷавонон бояд баланд бардошта шавад.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳвандон нақши калидӣ дорад.
Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолии кишвар, як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гаштанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ тамоми меъёрҳои ҳуқуқи башарро таҷассум намудааст ва ба ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқат мекунад. Дар Қонуни Асосии кишвари мо, озодӣ ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд муқаддас шуморида шудаанд.
Дар моддаи 5-уми Конститусия омадааст : «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд»
Конститутсия баробарҳуқуқии ҳамаро дар назди қонун ва суд эътироф намудааст. Мутобиқи моддаи 17 «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Ин меъёрҳои ишораёфтаи Конститусияи кишварро мо дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунем. Дар Тоҷикистон ҳамаи ҳалқу миллатҳо дар фазои озоду демократӣ кору зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи халқҳои сокини Тоҷикистон аз тарафи давлат ҳифз карда шуда, кафолати қонунии он таъмин карда мешавад. Дар шароити имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ дар фазои озод кору амал карда истодаанд.
\ Меъёри дигари ҳуқуқи шаҳрвандон ин дахлнопазирии манзил мебошад. Меъёри мазкур низ аз ҷониби Конститусия кафолат дода шудааст. Вобаста ба ин меъёри ҳуқуқӣ дар моддаи 22 омадааст : «Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст».
Дар моддаи 26 озодии виҷдон кафолат дода шудааст. «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Ин меъёрҳои конститусионӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба таври пурра ва муфассал баён ёфтаанд.
Дар баробари ҳуқуқҳо Конститусия ҳамчунин вазифаҳои шаҳрвандонро низ муқаррар намудааст.
Чунончӣ, дар моддаи 42 Конститусия дарҷ гардидааст, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститусия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».
Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як шахс новобаста аз он, ки дар кадом мансабу вазифа кор мекунад, вазифадор аст, ки қонунҳои давлатро донад ва онҳоро риоя намояд. Дар ҳоле, ки шахс қонунҳоро намедонад, албатта ҳар гуна қонуншиканиро аз ӯ интизор шудан мумкин аст. Вале ин ҳолат шахсро аз ҷавобгарӣ (ин ҷо дар назар дошта шудааст: ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ниҳоят ҷавобагрии ҷиноятӣ) озод намекунад.
Қайд бояд намуд, ки мо дар баробари қабули Конститутсияи миллии хеш эълон намудем, ки ҳадафи олии мо ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.
Мақсади асосии нуқтаҳои Паём вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронукниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад.
Дар маҷмуъ, мӯҳтавои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид. Ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии кишвар, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, таъмини волоияти қонун ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар равона гардида, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки фаъолияти кории хешро софдилона ва поквиҷдонона амалӣ намудани ҳамаи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар саҳми назарраси худро гузорем.
Шодизода Т.О, ёрдамчии калони
прокурори ноҳия мушовири адлияи
дараҷаи 2