Иқтисодиёт

Тренинги омӯзиши оиди «Асосҳоибанақшагириистратегӣ ва мониторинги ҳуҷҷатҳои стратегӣ»дар ноҳия доир гардид.

 

       Имрӯз дар толори Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо иштироки сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузиев Абуали ва мушовири Маркази машваратии Барномаи рушди СММ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Раҳмонов Зокир тренинги омӯзиши дар мавзуъи «Асосҳои банақшагирии стратегӣ ва мониторинги ҳуҷҷатҳои стратегӣ» доир гардид.

    Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани тренинги мазкур, ин баланд бардоштани малакаву дониши гурӯҳи кории оид ба раванди ба нақшагирии   стратегӣ ва мониторинги барномаҳои рушд мебошад.  

       Дар тренинг масъулини сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва  мутахассисони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Меҳмонон доир ба қоидаҳои дуруст ба ҳисобгирии имкониятҳои дохилӣ ва  ба лоиҳаҳои барномаи рушди ноҳия ворид намудани онҳо ба иштироккунандагон, ки дар раванди таҳияи барнома бевосита иштирок менамоянд, суханронӣ намуданд.

Дар маҷмӯъ дар тренинги мазкур 25 нафар мутахассисони маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, ки аз онҳо 4 нафар занҳо  иштирок карданд.  Маводҳои тренинг бо забони тоҷикӣ омода шуда, бо усули омӯзиши интерактивии калонсолон ба роҳ монда шуд.

Ҳамин тавр дар ноҳия зинаҳову принсипҳои банақшагирии стратегӣ ба иштирокчиёни тренинг шарҳ дода шуда, дар гурӯҳҳо корҳои амалӣ ташкил  гардида, ба иштирокчиён бо овардани мисолҳои ҳаётӣ фаҳмонида шуд.

Тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои назди сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (лоиҳаи LITACA)-и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.

 

Маркази матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *