Ба наздикӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир тибқи супориш ба ноҳияи мо омада, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо оростанд. Дар ин вохӯриҳо Раҳмонзода Зоир мақсаду муҳтавои баргузории чунин як ҷамъомади сатҳи баландро аз ҷониби Сарвари кишвар ҳаматарафа шарҳ доданд. Мавсуф қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза, ки марҳилаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои динию мазҳабӣ, зиёд шудани ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ, низоҳои байни мазҳабҳо ва монанди инҳо хеле густариш ёфта истодааст, албатта, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо нарасида наметавонад.
«Аз ин лиҳоз, қайд намуданд Сарвари кишвар, тасмим гирифтем, ки дар арафаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин мулоқот кунем ва масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ ва вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, муайян намоем».
Вакили мардумӣ дар Ҷамоати шаҳраки Панҷ, ҷамотаҳои деҳоти Нури Ваҳдат, ба номи Сайфуддинов Кабут ва Озодагон бо намояндагони қишрҳои гуногуни маҳаллаҳо ва деҳаҳо вохӯрда, суханронии Сарвари кишварро ҳаматарафа шарҳу тавзеҳ доданд ва аз баромади ниҳоят пурмазмуну саривақтии Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, мардумро аз хавфу хатарҳои имрӯза, махсусан терроризму ифротгароии динӣ, хурофотпарастию кӯркӯрона рафтан аз қафои қавмҳои гуногуну мазҳабҳои мухталиф, бегонапарастию дур шудан аз фарҳангу маънавиёти миллии худ огоҳ сохтанд. Ҳамзамон дар суханрониҳои вакил аз сарфаву сариштакорӣ, ба қадри арзишҳои миллии худ расидан, аз илму маърифат, хусусан илмҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳраманд шудани насли наврасу ҷавон, дар сатҳи талаботи рӯз ба роҳ мондани корҳои идеологӣ баланд садо доданд.
Қайд карда шуд, ки имрӯз ҳар як сохтору ниҳоди давлатӣ, таълимӣ, корхонаю муассисаю ташкилотҳо дар ин мулоқот муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои дар мулоқоту суханронии Сарвари кишвар рӯзи 9 марти соли 2024 баргузоргардида таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳо тартиб дода аз рӯи он пайваста кор баранд, то ки камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд.
Н. Фозилҷон, А. Назарова