Ба наздикӣ тибқи қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 31.01.2024, № 4 «Дар бораи нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ, минртақавӣ, рӯзҳои саҳрои, фермерӣ ва мизи мудаввар бо ташаббуси муассисаҳои АИКТ барои соли 2024» як гурӯҳ олимону мутахассисони институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ ба ноҳияи Панҷ омада, дар мавзӯи «Фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, монеаҳо ва роҳҳои халли он» семинари илмию амалӣ баргузор намуданд. Ба ин гурӯҳ Пиризода Ҷалил Сафар, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики АИКТ, Мирсаидов Аброр Бобоевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, Амиров Назрулло Исматович, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи омӯзиш ва маниторинги амнияти озуқавории Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ АИКТ, Ҳасан Асоев, намояндаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шомил буданд.
Дар семинар меҳмонон Мирсаидов Аброр Бобоевич, Амиров Назрулло ва Ҳасан Асоев оид ба ҷиҳатҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, рушду такомули он, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ин самт, навгонию навовариҳои илмӣ бобати рушди кишоварзӣ ҳамчун сарчашмаи асосии таъминоти озуқаворӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишоварзон, монеаҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа баромад карданд.
Тавсияю пешниҳодҳои олимону мутахассисони АИКТ барои кишоварзони ноҳия дар самти пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ хеле арзишманду самарабахш маҳсуб ёфта, дар сурати дар фаъолияти корӣ самаранок истифода бурдани онҳо кишоварзони мо натиҷаҳои хуб ва ҳосилнокии маҳсулотро афзун хоҳанд кард. Вале як чизро хотирнишон кардан зарурат дорад, ки дар чунин семинари манфиатбахш қисми ками фаъолону мутахассисон иштирок доштанд.
Бо вуҷуди ин, дар семинар ба суолҳои иштироккунандагон олимони соҳа ҷавобҳои илмию муътамад доданд. Пурсишҳои иштироккунандагон аслан аз норасоии об дар минтақаи Сомониён, ҳисороти аз малах ва дигар ҳашарот вуҷуд дошта, кандану тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҳолати номусоиди мелиоративии қисме аз қитъаҳои замин, шӯр шудани заминҳо ва амсоли инҳо барин мушкилоти дар ноҳия ҷойдошта маҳсуб меёфтанд.
Семинар аз ҷиҳати назариявӣ ва илмию амалӣ хеле манфиатбахш баргузор гардид.
П.Нуров ва Ш. Сафархоҷазода