Раиси ноҳияи Панҷ ва тамоми мардуми ноҳия аз садамаи нақлиётии бегоҳии 7 август дар шаҳри Кӯлоб рухдода, ки сабаби ҳалокати 10 нафар, захм бардоштани чандин нафари дигар, валангор шудани ду манзили истиқоматӣ ва хисороти зиёд гардидааст, сахт андӯҳгин буда, ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба захмиён шифои оҷил орзу менамоянд.
Последние записи
Забон – муҳимтарин воситаи муаррифии миллат
Ҳамасола дар кишвари мо рӯзи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ботантана қайд карда мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир дар арафа ва рӯзи ҷашн дар ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳу корхонаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид. 4-уми октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Баъди расми кушоиши ҷамъомад раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён […]
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории навини тоҷикон
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ, дар Қасри Арбоб баргузор гардид, воқеан ҳам аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, дар рӯзгори мардуми тоҷик ва масири таърихи он саҳифаи наверо эҷод намуд. Ин Иҷлосия имкон фароҳам овард, ки кулли мардуми кишвар дар атрофи […]
Табрикоти раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифҳӯҷа Фақер ба муносибати «Рӯзи забони давлатӣ» (5.10.24)
Ҳозирин ва ҳамдиёрони азиз! Дар сарсухани ҷилди дуюми асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» чунин оварда шудааст: «Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад». […]
