Хабарҳо

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем!

Инсоният аз қадимулайём ин ҷониб зодгоҳу Ватани худро дӯст медорад ва онро муқаддасоти худ меҳисобад. Воқеан ҳам, Ватан барои он азиз аст, ки дар он падару бобоён, фарзандону наберагон, ниёгону гузаштагони мо зиндагӣ кардаанд ва худро бо хоку обу боди Ватан тавъам шуморидаанд. Аз ин лиҳоз, миллате, ки Ватани худро муқаддас меҳисобад, онро ҳамеша аз ҳама гуна низоу ҷангҳо ҳифз менамояд.

Тавре дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Ин талаботи ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат ва кишвар тақозо мекунад, ки ҳимояи марзу буми Ватан, музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ  сидқан вазифаи ҳар як шаҳрванд ва махсусан ҷавонон мебошад.

Бо ибтикори прокурори ноҳия М. Зувайдуллозода ба наздикӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо иштироки ҷавонону роҳбарон ва кулли фаъолон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хизмати содиқона ба Ватан ва халқи шарафманди кишварамон ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад муҳтарам М. Зувайдуллозода дар бобати тарбияи ватандӯстию худогоҳӣ ва хештаншиносию хизмат ба халқу Ватан, ҳамчунин пешгирии ҳама гуна зуҳуроти экс-тремистию террористӣ, шомилшавии ҷавонони каммаърифат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба ин восита бадном кардани Ватану миллати худ бо аҳли нишаст суҳбат орост. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки бо васвасаю дасисабозиҳои душманони халқу Ватан, хиёнаткорони наҳзатӣ, ки дар шабакаҳою сомонаҳои мухталифи интернетӣ дар байни мардум тухми кинаю адоват нисбат ба давлату миллат мекоранд, қисме аз ҷавонони бемаърифату бесаводи мо фирефтаи ин ақидаҳои муғризонаю хиёнаткоронаи онҳо гардида, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шуда, ҷони худ ва наздикони хешро ба балоҳои азим гирифтор мекунанд.

Мо, изҳор кард прокурор, дар замоне зиндагӣ карда истодаем, ки воситаҳои зиёди интернетӣ ва технологӣ вуҷуд доранд, онҳо   ростро бо дурӯғ, дурӯғро бо рост он қадар омезиш медиҳанд, ки шахсони аз маърифати воқеӣ дур ҳақиқатро аз гуфтаҳои онҳо гирифта наметавонанд ва гумон мекунанд, ки ҳарчи онҳо мегӯянд, дуруст аст. Вале дар асл ҳар як ҷавон, ҳар як шаҳрванди моро зарур аст, ки захираи донишҳои замонавӣ дошта бошад, то ростро аз дурӯғ фарқ карда тавонад, дасисаю фитнагариҳоро аз воқеияти зиндагӣ ҷудо намояд ва ҳамчун шаҳрванди содиқу вафодори халқу Ватан ақидаи дурусти худро дошта бошад.

Аз ин ҷиҳат, ҷавонони моро мебояд, ки дар мактабҳо ва таълимгоҳҳои дохилию хориҷӣ дониш андӯзанд, худ ва гузаштагони соҳибтамаддуни хешро шиносанд, бо роҳи ҳақиқии илмӣ, таҳти сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшони Ватани худ самимона қадам зананд.

Дар идомаи сухан мавсуф аз масъулияти ҷавонон ҷиҳати иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар ҳамчун вазифаи муқаддасу аввалиндараҷаи онҳо андешаронӣ кард. Имрӯз, зикр намуд ӯ, ҳимояи Ватан ва марзу буми он барои ҳар як сокини кишвар, алалхусус ҷавонон муқаддастарин ва арҷмандтарин масъулият мебошад. Зеро ояндаи Ватан ба ҷавонони меҳандӯсту худогоҳ ва хештаншиносу меҳнатқарин тааллуқ дорад. Дар иҷрои ҳамин вазифа ба ҳамаи ҷавонон ва иштирокчиён барори кору саодатмандӣ таманно мекунам, тазаккур дод прокурори ноҳия М. Зувайдуллозода.

Дар оихири ҷамъомад прокурори ноҳия ба дархосту суолҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.

 

                                                                            Н. Фозилҷон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *