30 майи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ки бо иштироки роҳбарони мақомоти дахлдор, аъзоён ва котибони Шӯро, роҳбарони ноҳия, кормандони кумитаи замин, саварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар масъулин баргузор гардид, масъалаҳои зерин мавриди барраcӣ қарор гирифта буданд:
1.Оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 апрели соли 2023 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории замин дар муассисаҳои таълимӣ.
2.Таҳлилу ҷамъбасти таҷрибаи тафтишотӣ – судии ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар давоми соли 2022 дар ноҳияи Панҷ содир шудаанд.
Аз руи масъалаи аввали рӯзнома прокурори ноҳия Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло гузориши муфассал дод. Дар гузориш аз ҷумла омадааст: дар ҳудуди ноҳияи Панҷ 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки аз инҳо 52 муассиса дар ҳудуди ҷамоатҳои щаҳраку деҳот ва як муассиса дар ҳудуди қисми ҳарбии 0306 РҚC КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, ҷойгир мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои фармоишҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.2023, №5- 15 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои корӣ оид ба санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории замин дар муассисаҳои соҳаи маориф» ва фармоиши прокурори ноҳия аз 07.03.2023, №10 дар ҳамин бобат дар ноҳия аз ҳисоби кормандони мақомоти марбута ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ин гурӯҳҳо масъалаи мазкурро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди санҷиш қарор доданд.
Дар ҷамоати Нури Ваҳдат 4 муассисаи таълимӣ (№5,6,19,31) мавҷуд аст. Ин муассисаҳои таълимӣ дар асоси қарорҳои раиси ноҳия бо сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карда шудаанд. Вале аз ҳисоби замини МТМУ№5 Қурбонов Нур Надракович ба масоҳати 117 мкв замини муассисаро худсарона ишғол кардааст. Шаҳрванд Надиров Н.Н. бошад, барои рафтуомади фарзандонаш 6 метрро гирифта роҳ кушодааст. Ба шахсони номбаршуда амрҳои прокурори ноҳия ирсол карда шуд. Ба ҳаминҳо монанд қонунвайронкуниҳо дар муассисаҳои таълимии №31 -и ҳамин Ҷамоат, №№ 8,9,10-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфуддинов Кабут, №№12,20,38-и Ҷамоати деҳоти Озодагон, №21 Ҷамоати шаҳраки Панҷ, №№15,16,24,26,30,44 ва 47-и Ҷамоати деҳоти Намуна, №№14,36,46-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар ва ғайраҳо ба мушоҳида расиданд.
Баҳри бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ба унвонии раиси ноҳия, мудири шуъбаи маориф ва раиси Кумитаи идораи замини ноҳия 12 амр, 4 пешниҳод 2 эътироз ирсол карда шуда, 1 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шарелии С бо моддаи 247, қисми 2,банҳои «в,г» КҶ ҶТ оғоз карда шудааст.
Аз руи масъалаи дуюми рӯзнома Дилшод Наҷмиддинзода, ёрдамҷии калони прокурори ноҳия, оид ба таҳлилу ҷамъбасти таҷрибаи тафтишоти-судии ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар давоми соли 2022 содир шудаанд, гузориши мушаххас дод.Аз ҷумла соли 2022 аз ҷониби 7 нафар ноболиғ 4 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Инчунин 5 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 8 ноболиғ оғоз карда, баъди тафтиш ба суд ирсол карда шуд. Дар ҳамин давра 9 нафар ноболиғ барои содир намудани ҷиноят ба ШВКД ҶТ дар ноҳияи Панҷ оварда шуд. Нисбати 4 нафар ноболиғ барои содир кардани ҷинояти авбошӣ дар ҳайати гурӯҳ чораи ба ҳабс гирифтан тадбиқ карда шуд.
Дар гузориш ҳамчунин оиди ҷинояткорони ноболиғ, волидайни онҳо ва андешидани чораҳои мушаххас нисбати ҷинояткорон ва қонуншиканон сухан ронда шуд.
Тавре қайд гардид, вазъи ҷинояткорӣ ва қонуншикании ноболиғон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Бинобар ин лозим меояд, ки фаъолияти гурӯҳи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳия ва кори мақомоти дигари марбута, инчунин соҳаҳои дахлдор ҷиҳати масъалаи мазкур дар сатҳи талаботи имрӯза ба роҳ монда шавад.
Сипас, дар ҷаласаи Шӯро аз шахсони масъул ва мутасаддиён пурсиш ба амал баровада шуд. Ҷаласаро раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурори ноҳия муҳтарам Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло ҷамъбаст намуда, супориш дод, ки қарори ҷаласаи Шӯро ба сарварону мақомоти дахлдор ирсол карда шавад, то камбудихои дар чаласса баррасишуда рохи халли худро дар мухлати кутохтарин ёбанд.