Сиёсат

ХИЗМАТИ ВАТАН ҲАМ ҚАРЗУ ҲАМ ФАРЗ АСТ

1 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади васеъ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ноҳия, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони  Комиссариати ҳарбии ноҳия, имомхатибҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаҳои маҳалла ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

  Ҷамъомад бо супориши раиси  вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят А.Сулаймонзода  ва дигар намояндагони вилоят гузаронида шуд.Чорабиниро муовини якуми раиси ноҳия Ҳ. Нидозода ҳусни оғоз бахшида, оиди муҳтавои он, ки аслан ба масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бахшида шуда буд, суханронӣ кард.Сипас сухан ба муовини раиси вилоят А.Сулаймонзода дода шуд.

      

Мавсуф масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбиро яке аз ундатарин масоили рӯз муаррифӣ карда, вазъи ҷаҳони муосирро аз рӯи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хотиррасон  намуд.Таъкид карда шуд,ки дар шароити имрӯза хизмати ватан барои  ҳар як ҷавони синни даъватӣ қарзи имонию виҷдонӣ мебошад.Аз ин лиҳоз барои муташаккилона ва сари вақт анҷом додани даъвати баҳорӣ кулли иштирокчиёни  ин ҷамъомадро лозим меояд, ки аз ҳозир ҳаматарафа омодаги гиранд.

Комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, имомхатибҳои масҷидҳо ва дигар масъулин  вазифадоранд, ки дар асоси нақшаи кории мушаххас корро ҷоннок намоянд.

Комиссияи ноҳиявии давъати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалла вазифадор аст, ки тибқи нақшаи кории худ якҷо бо дигар мутасаддиён ва масъулин фаъолияти худро дар давраи омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ мувофиқи талаботи рӯз ба роҳ монад.

Муовини раиси вилоят А.Сулаймонзда баъдан аз Комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳо, бахшу шуъбаҳои дахилдор, кумитаҳои маҳалла, имомхатибҳо ва дигар соҳаҳои марбут ба ҳамин масъала ҷиҳати иҷрои корҳои то ин дам  ба сомон расонидашуда пурсиш ба амал овард ва масъулинро муваззаф намуд, ки дар самти мазкур ҳамаҷониба корро вусъати тоза бахшанд.

Дар фарҷоми ҷамъомад муовини якуми раиси ноҳия Ҳ. Нидозода меҳмононро бовар кунонид, ки даъвати баҳориро  ноҳия  муташаккилона ва сари вақт ба анҷом хоҳанд расонд.

                                                       Н.Фозилҷон,Ш.Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *