Хабарҳо

НУҲМОҲА ҶАМЪБАСТ ШУД

8 октябри соли равон дар ҷаласаи васеи раиси ноҳия масъала «Дар бораи  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нуҳ моҳи соли 2022» мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар он роҳбарон, ҳамаи фаъолон, мутасаддиён, инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқизода З.А. ва муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А. иштирок доштанд. Аз рӯи  масъалаи рӯзнома муовини якуми раиси ноҳия [. Нидозода гузориши муфассал дод. Дар гузориш аз ҷумла қайд гардид, ки ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия корҳои назаррасро ба анҷом расондаанд. Кишоварзони ноҳия дар нуҳ моҳ дар ҳаҷми 772,1 млн. сомонӣ маҳсулоти кишо-варзӣ истеҳсол намуданд. Нақшаи пардохти андози иҷтимоии ғайри-буҷетӣ 6 млн. 858,2 ҳазор сомонӣ ё 101%-ро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 93,3 ҳазор сомонӣ кам  аст. Дар маҷмуъ буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 96,6% иҷро гардид. Аз 7 намуди андоз 3 намуди он иҷро нашуд, ки дар натиҷа 2,6 млн. сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ маблағ кам ворид гардид. Тибқи «Равзанаи ягона» ба ҳолти 1 октябри соли 2022 аз тарафи Нозироти андози ноҳия 952 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 189 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардидаанд. Дар ноҳия 15 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва 5471 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият доранд. Бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзи андози корхонаю ташкилотҳо ба ҳолати 1 сентябр 5,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин асосан аз ҳисоби аз фаъолият боз мондани ташкилоту корхонаҳо ва сари вақт пардохт нашудани андозҳо аз ҳисоби хоҷагии давлатии тухмипарварӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, хоҷагии манзилии коммуналӣ ва кооперативи тиҷоратии «Хӯҷаи Хулоз»  мебошад.

                                    

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар нуҳмоҳа 94% иҷро шудааст. Музди меҳнати миёнаи моҳона дар ин давра 1285 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14% афзоиш ёфтааст.

Имрӯз дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшудаи онҳо 382,8 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

       

Чун пештара мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  дар самти дастгирию кумак ба гурӯҳҳои осебпазир, ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда, оилаҳои камбизоат диққати аввалиндараҷа дода истодааст. Дар нуҳмоҳа аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 643 нафар бо корҳои доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шудаанд. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 74,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Гардиши мол дар тамоми соҳаҳои савдо ба 172,4 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 55,9 млн. сомонӣ расонида шуд. Аз 127 лоиҳаи ба «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025»  воридгардида 47 лоиҳа бо маблағи 55,7 млн. сомонӣ таъмин шудааст, яъне раванди амалишавии Барномаи мазкур ҳанӯз мувофиқи матлаб набуда, фоизи иҷрошавии он қаноаткунанда нест.

Кишоварзони ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 19821 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки ин 100,1%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Аз ҷумла 7845 га ғалладонагӣ, 1049 га сабзавот, 380 га пиёз, 1025 га картошка, 451 га зироатҳои полезӣ, 6410 га пахта, 2775 га зироатҳои хӯроки чорво кишт шудааст, ки нисбати соли гузашта аз 19 то 170 га зиёд мебошад. Дар ин давра 3579 тонна гӯшт (дар вазни зинда), 18788 тонна шир, 5,1 млн. дона тухм, 50546 тонна сабзавот, 19028 тонна полезиҳо, 10950 тонна меваҷот истеҳсол  карда шуд.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2022 ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 2299 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шуд.

Баъдтар [. Нидозода дар бораи рушди боғу токпарварӣ, ободонию кабудизоркунӣ, дар як сол гирифтани чанд ҳосил бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи моҳипарварӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, истифодаи самараноки замин, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ, саноатикунонии босуръат ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истифодаи сарфакоронаи барқ ва пардохти маблағҳои он, рафти иҷрои қарори [укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати фаъолияти мунтазам ва самараноки корхонаю ташкилотҳо дар мавсими зимистони дарпешистода, таъмиру нигоҳдории роҳҳо, вусъати корҳо оид ба истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистода, махсусан 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рушди    сохтмон, нақлиёт, алоқа, корхонаҳои коммуналӣ ва обтаъминкунӣ, фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва амсоли инҳо суханронӣ намуд.

Дар гузориш ҳамчунин фаъолияти кормандони соҳаҳои маориф ва таълимгоҳҳои он, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, фаъолияти бахшҳои занон, сабти асноти ҳолати шаҳрвандӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таҳлил ва камбуду нуқсонҳои ин соҳаҳо ошкор  карда шуд.

Баъд аз гузориш Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқизода Завқӣ Амин, раиси ноҳия Шоҳиён Зафрихӯҷа Фақер аз шахсони масъул ва мутасаддиёни соҳаҳо ҷиҳати  сабабу омилҳои сар задани камбуду нуқсонҳои ҷойдошта  пурсиш ба амал оварданд ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро ошкор намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ба тасвиб расонида шуд.

       Н. Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *