Хабарҳо

Хизмати Ватан мардонагист!

Даъвати  тирамоҳии  ҷавонон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳисоби ҷавонони воқеан тануманду далер  дар  комиссариатҳои ҳарбии мамлакат оғоз ёфта, имрӯзҳо идома дорад.  Бо  ҳамин  мақсад  якуми октябри соли равон 45  нафар ҷавонони ватандӯсти  ноҳияи мо  аз ин маърака дур намонда, ихтиёран   ба  Комиссариати ҳарбии ноҳия  ҳозир шуданд.

 Дар маросими тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” роҳбарони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони  ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот,   инчунин  волидайни навдаъватшудагону дигар  масъулин  дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия  ҷамъ омада буданд. Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён суханронӣ намуд..  Баъдан намояндаи қисми ҳарбии сарҳадӣ ва волидайни  навдаъватшавандагон ба  сухан баромада, ҷавонони ихтиёриро ҷиҳати ба мактаби мардонагию ҷасурӣ сафарбар шуданашон табрик карда, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми мамлакат таманниёти нек намудаанд. Таъкид шуд, ки  хизмати  ватан-модар  барои ҳар як ҷавон ҷавонмардӣ ва  мактаби бузурги шуҷоату мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони ватандӯст  бояд  хизмати  ватан-модарро  сарбаландона  ба  ҷо  орад

Метавон  бо  фараҳмандӣ  иброз намуд,  ки   ҷавонони бо нангу номусе, ки имрӯз онҳо барои  адои хизмати  ҳарбӣ ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  раҳсипор  гардидаанд, бо  далериву шуҷоат ва донишу малакаи баланди худ ба ҳимояи  марзу  буми  кишвар  содиқона  бархоста, дар таҳкими  пояҳои  устувори сулҳу  субот  ва  оромии кишвар  саҳми  босазои  худро  хоҳанд  гузошт.

   Дар ҷамъомад ҳамчунин ба 10 нафар навдаъватшавандагон, ки курси кӯтоҳмуддати тракторчӣ-механизаториро тавассути шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия хатм кардаанд, шаҳодатнома тақдим карда шуд.

            

Ҷиҳати хушу хотирмон гуселонидани  наваскарон  ҳунармандони Қасри фарҳаги ноҳия  суруду рақсҳои дилнишин намоиш доданд.

Сипас, навдаъватшудагон бо дуои пирони рӯзгордида ва волидайни худ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.

                                                                                                                  Гулчеҳра

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *