Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ба муносибати 25-солагии ҷашни «Рӯзи ваҳдати миллӣ» (25.06.22)

 Ҳамдиёрони азиз!

      Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаву воқеаҳое, ки рух доданд, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисод, фарҳангу маънавиёт ва эътибори байналмиллалии Тоҷикистон аҳамияти воқеан таърихҳ доранд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, бешак, аз ҷумлаи ҳамин руйдодҳои таърихист, ки сиёсати хирадмандонаву инсондӯстона, дурбинонаву оқилона, дурандешии таърихҳ,ҷавонмардӣ, ватанпарасти-ву мардумсолорӣ ва талошу фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он нақши калидҳ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатҷто кунун, марҳилаи кӯтоҳ, вале пурмасъулияти сарнавиштсози эҳёи суннатҳои давлатдории милливу таърихиро пушти сар намудааст.

Дар ин масири начандон кӯтоҳ ва таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаҳое рух доданд, ки барои таърихи ин давлат сиёсати дохиливу хориҷҷ, рушди иқтисод, фарҳангу маънавиёт ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти воқеан таърихҷдоранд.

Баъди ба анҷом расидани ҷанги даҳшатбору хунини шаҳрвандҳ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома ёфта, ҷони садҳо нафар сокинони ҷумҳуриро  аз байн бурдаву миллионҳо нафари дигарро дур аз Ватан бехонаву дар кард, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки санаи 27 июни соли 1997 ба вуқуъ пайваста дар таърихи давлатдории навини тоҷик бо хатҳои заррин навишта шудааст, бузургтарин неъмат ва  дастоварди беназир маҳсуб мешавад.

   Яъне ин сана барои мо мардуми тоҷик воқеан, оғози  ҳамдигарфаҳмиву, сарҷамъҷва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Ба  ин  хотир  бо     шукргузорҷаз сулҳу субот, соҳибистиқлолии кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарҷва сиёсати хирадмандонаву инсонпарварона,  оқилонаву сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз тавассути хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ва меъмори  ваҳдат, сулҳу оромӣ насиби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ гардид, ҳар сол санаи 27 июн дар ҷумҳурии соҳибис-тиқлоламон ҳамчун  «Рӯзи ваҳдати миллҷ» таҷлил мегардад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳия ва Шумо ҳозирини гиромиро ба муносибати ин санаи муҳими  воқеан таърихӣ самимона табрик намуда,     хушиву хуррамҳ, тенҷиву амонҷ, суботу оромҷва содати ҳамешагии рӯзгоратонро таманно дорам.

 

 

Ҳамдиёрони арҷманд !

 Муваффақ шудан ба ризояти миллҳ ва сулҳу ваҳдати комил натиҷаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон дар ин роҳ мебошад.

 Роҳбарии хирадмандона, сиёсати беназири инсонӣ, руҳи қавии ватанпарастҷ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмҷ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳхои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омилҳое буданд, ки дар амалҷнамудани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд.

Имрӯз хушбахтона таҷриба ва амалияти сулҳу тоҷикон на танҳо аҳамияти милли, балки арзиши ҷаҳонӣ низ пайдо намудааст. Чунки ин роҳ намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷодаи таъмини сулҳу ваҳдат ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб 1 миллион муҳоҷиронии иҷбории дур аз Ватан афтода, ташкил намудани шароиту зиндагии хуб барои онҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалии дунё арзёбҷшуда, ҳамчун намуда эътироф гардидааст.

 Ҳамдиёрони азиз!

Дар робита бо вазъияти ниҳоят мураккаб ва печидаи ҷаҳони имрӯза мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ҳеҷдавру замон ҷангу нооромӣ ва хунрезиву муташанниҷии вазъи сиёси тавассути яроқу аслиҳа ҳали худро наёфтаанд. Балки танҳо тавассути хирадмандиву ҷавонмардӣ  дӯстиву баҳамоҳ ва заковату дурандешӣ гиреҳи дилхоҳ мушкилии сиёсҳ ҳали худро ёбад.

Ҳамаи мову Шумо хуб огоҳ ҳастем, ки имрӯз вазъи мураккаби сиёсҳ, бархурди абарқудратҳо, босуръат баланд рафтани нарху навои маҳсулотҳои ҷизоҳ, таҷйирёбии босуръати иқлим, қаҳтиву хушксолӣ дар баъзе кишварҳои олам ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Читавре дар муроҷиати худ ба сокинони ноҳия иброз намудам   тибқи таҳлилҳои Созмонҳои ҷаҳони солҳои 2022 ва 2023  нисбат ба солҳои гузашта аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ қариб дар тамоми дунё яке аз солҳои вазнинтарин ва тавре, ки  Созмони Миллали Муттаҳид огоҳ сохтанд, ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.  Ҳамзамон болоравии нархҳо, пастшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он –хушксолӣ, камобӣ, инчунин, бемориҳои сироятӣ,  ба сатҳи зиндагии тамоми мардуми сайёра таъсири манфии худро расонида истодааст.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо   ба ҳар як сокини ноҳия муроҷиат намуда, бори дигар таъкид месозам, ки бояд аз ҳар ваҷаб замин, пеш аз ҳама заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғу токзорҳо самараноку оқилона  истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани 3-4 ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо аз ҷумла шолӣ, ҷуворимакка, мош ва лубиё равона сохта дар таъмини зиндагии шоистаи худ ва фарзандон саҳмгузор бошанд.

 Ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Итминони комил дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.

 Дар баробари ин ҳар яки мову Шумо насли калонсол, яъне он нафароне, ки тамоми даҳшату  маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории мил-лиамон сафарбар намоем.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи ноҳия минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, таҳкими ваҳдату дӯстҷва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош намуда, намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон хоҳанд дод.

Бигзор Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад.

Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *