Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз аз донишҳои мукаммали замон, пешрафти илму техникаи ҷаҳонӣ, донистани бархурди тамаддунҳо дар шароити ҷаҳонишави ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангиву ахлоқии шаҳрвандӣ моро, бахусус, ҷавонони ояндасози миллатро водор месозад, ки дониш омӯзанд, Ҳам қадами замон бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъматҳои бебаҳои Офаридгор, яъне Ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ ва Истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.
Ҳодисаҳое, ки рӯзҳои 24 то 28-уми ноябри соли 2021 дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби як гурӯҳ ҷиноятпешагон рух дода, санаи 29 январи соли 2022 бошад аз тарафи яке аз саркардагони чунин гурӯҳҳо Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир зери лату кӯб ва шиканҷа қарор додани сардори Раёсати маорифи вилоят, имрӯз дар сархати васоити ахбори оммаи кишвар қарор гирифтааст. Амали ин ҷиноятпешагон вазъи сиёсиро дар миқёси вилоят, махсусан шаҳри Хоруғ мураккаб сохта ба қалби сокинони бонангу номуси ин минтақаи кишвар таҳлука андохт. Дар ин замина ин амали ҷавонони ноогоҳ ва ҷиноятпеша суботу оромиро дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон халалдор намуд.
Мо ҷавонони замони со ҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз амалу рафторҳои ин гуна ашхосро, ки ба суботу оромии кишвар халал ворид кардан мехоҳанд шадидан ва қотеъона маҳкум мекунем.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ М.Сироҷов