Ҳамдиёрони азиз!
Иди сайиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, ки дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона ва сулҳофаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда мешавад.
Ба ин хотир тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ин иди сайид самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ, комёбӣ ва файзу баракати ҳамешагии рӯзгорашонро таманно дорам.
Хушбахтона аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии мардуми кишвар дар мамлакат фазои орому осуда, солимии гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии виҷдон ва эътиқодҳои динӣ ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд.
Дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони кишвар имконият пайдо намуданд, ки бо истифода аз ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии худ маросимҳои динӣ, аз ҷумла фаризаи ҳаҷ ва умраро озодона ба ҷо оранд.
Таҷлил гардидани Иди сайиди Қурбон дар даврае баргузор гардида истодааст, ки тамоми мардуми кишвар, имрӯзҳо ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қалби саршор аз меҳр ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат дар самти вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Зимни яке аз суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки: «Моҳияти аслии Иди сайиди Қурбон, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, дар ҳақиқат ба маромҳои инсондӯстиву мурув-ват, сулҳофариву меҳрубонӣ бунёд ёфта, дар ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо низ нақши барҷаста дорад».
Шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хислатҳои хеле қадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рӯзи муборак дили касеро ба даст овардан, нисбат ба ятимону бепарасторон, муҳтоҷону барҷомондагон, камбизоату маъюбон хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб мебошад. Зеро хайру сахо кардан аз ҷумлаи воҷиботи дини мубини ислом ва беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои диннӣ ва ба танзим даровардани суннатҳои миллӣ, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда истодааст. Ин қонун аз як ҷиҳат ҳамчун санади ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо пешбинӣ намудааст
Бо назардошти ин гуфтаҳо ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надода, таҷлили ҷашну маъракаҳо аз ҷумла, Иди Қурбонро бе зиёдаравӣ ва исрофкорӣ пешвоз гирад.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, ки нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон хатарноку вазнинтар барои инсоният маҳсуб меёбад, ба ташвиш овардааст.
Бинобар ин аз ҳар як сокини ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз ин вабои аср, ҳифзу ҳимояи саломатии худ ва наздикон тадбирҳои зарурию саривақтӣ, аз ҷумла риояи қоидаҳои тозагию беҳдоштӣ, истифода намудани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, пайваста тоза намудани гирду атрофи манзили истиқоматӣ, кӯчаву маҳалларо амалӣ намоянд.
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми шарафманду меҳнатдӯсти ноҳияи мо барои таҳкими қимматтарин арзишҳои инсониву имонӣ пеш аз ҳама дӯстиву бародарӣ нисбат ба ҳамдигар, муҳаббату садоқат ба Ватан ва саховату мурувват ба дармондагон ин идро низ таҷлил хоҳанд кард.
Бо мақсади амалӣ шудани ҳамаи ин умеду ормонҳо бори дигар ҳамаи ҳамдиёрони азизро бахшида ба таҷлили Иди сайиди Қурбон табрик намуда, барояшон саодати рӯзгор, хушбахтиву шодмонӣ, оромию субботро тамано намуда, хоҳони онам,ки дар кишвари соҳибис- тиқлоламон Тоҷикистон парчами сулҳу субот, то абад парафшонӣ намояд.
Иди сайиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Шарифзода С